Аз пагоҳӣ саҳни мактаби рақами 16-ум намуди идона дошт. Зеро ҷамоаи муаллимон ва хонандагон аз вохӯрии ҳамсинфон – хатмкардагони соли хониши 1967-1968 (баъди 50-сол) хабардор буданд. Ба анҷумани пуршукӯҳ ва таърихӣ ҷиддан тайёрӣ дида, кӯшиш ба харҷ додаанд, ки табъи меҳмонон аз лаҳзаҳои нахустин болида гардад.
Шояд аз аз ҳамин сабаб, толибилмон дар назди дарвоза саф ороста, собиқ дастпарварони мактабро бо чеҳраи кушоду гулҳои тару тоза пешвоз мегирифтанд. Бо гузашти айём аксарият меҳмонони солхӯрда оҳиста, солорона ва ба якдигар мададгор шуда, эҳтиёткорона як-як меомаданд.
Дере нагузашта қариб ҳамаи курсиҳои нарму гарми Хонаи маънавият ва маърифат аз «паррончак»-ҳои мактаб дар соли 1968 банд гардид. Ҳозирон ба якдигар нигариста, ҳолу аҳвол ва шумораи набераю абераҳоро мепурсиданд. Бобою бибиҷонҳо бо фахр шумораи онҳоро гуфта, дар бораи фаъолияти мағзи бодоми худ маълумот медоданд.
Ҷонишини директор Фарида Аҳмадова барои меҳмонон саёҳат ташкил карда, худ роҳбалад шуд ва бо фаъолияти китобхона, синфҳои фаннӣ ошно намуд.
Сипас, дар толори мактаб вохӯрии собиқ хатмкунандагон бо хонандагони синфҳои 9-10 ба вуқӯъ пайваст. Сарвари таълимгоҳ Маъруфҷон Камолов ҳозиронро ҳайра мақдам гуфта, доир ба комёбиҳо ва нақшаҳои оянда маълумот дод. Имом-хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валӣ Ҳоҷӣ Баҳодур Шарифзода аз Қуръони Карим оятеро тиловат намуда, ба руҳи поки гузаштагон, алалхусус устодону хатмкунандагон, ки дунёи фониро тарк кардаанд, бахшид.
- Ман 60-сол муқаддам ба остонаи ҳамин мактаб қадам гузошта будам, - гуфт сардабири рӯзномаи «Гулобод тонги», шоир ва журналист Нормурод Каримзода.
Ҳоло дидори дӯстону шароити хуби таълимро дида, байти: «Кош мебуд бачагӣ дуру дароз,
Кош мебуд умри мо ҳам бардавом»-ро ба забон овард.
Аҳли толор кафкӯбӣ намуданд, ки нотиқ айни муддаои онҳоро гуфт.
- Он соли хатми мактаб қариб бист нафар соҳиби медали тилло ва нуқра буданд, - риштаи суханро ба даст гирифт доктори фанҳои физика-математика, проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Аҳмадҷон Солеев. – Ва ҳамаи онҳо ба мактабҳои олӣ дохил шуданд. Зеро устодони мо дониши пухта ва таҷрибаи калон доштанд. А.Рубинов, С.Нарзиев, А.С.Болшакова, Б.Исмоилова, Ӯ.Раззоқова, Б.Ҳамроев барин муаллимони сахтгиру меҳрубон доштем.
Ҳоло Президенти кишварамон кӯшиш мекунанд, ки насли наврас аз кӯдакистон ба илму адаб дилбаста бошанд. Набояд фаромӯш кунем, ки «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм, Қулфкушои ҳама дарҳост илм».
- Ҳамааш олиҷаноб, вале солҳои охир набудани синфи тоҷикӣ тааҷҷубовар аст. – барафзуд собиқадори таълими халқӣ Мунира Шамсиддинова. – Сабаб чист? Умедворам, ки дар соли хониши нав ин муааммои сарбаста ҳалли худро меёбад. Забони мо - ҷаҳони мост.
- Дӯстони ҷонӣ ва ҷавонӣ, - ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд шифокори тоифаи олӣ Назира Салоҳиддинова. – Ман имрӯз чеҳраҳои гарму шиносро дида, ниҳоят хурсанд шудам. Таклифи ман ҳар сол як маротиба ҷамъ шавем. Зеро, ҳар дам ғанимат аст, дидор ғанимат гуфтаанд. Охир бубинед, қариб 10 нафар ҳамсинфони мо пасу пеш ин дунёи равшанро тарк карданд. Ёдашон бахайр. Сӯҳбату дидорбинии ҳамсинфон дилнишину хотирмон буд.
Занги охир бурд моро ҳар куҷо аз ҳам ҷудо,
То ҳанӯзам гиряи занги ҷудоӣ дар дил аст.
Баъд аз ин бо даъвати зангӯла ҳатто лаҳзае,
Сӯи мактабхона моро ҷамъ кардан мушкил аст.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, мактаби рақами 16-уми деҳаи Ӯрташиқ.
Дар акс: лаҳзае аз вохӯрӣ.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.