Имрӯзҳо сарояндаи хушхон ва хушовоз, фарзанди маҳаллаи Раҷабамини ноҳияамон Зулфия Рашидова дар факултаи эҷодиёти халқи Институти санъат ва маданияти Ӯзбекистон ба донишҷӯён оиди услубҳои суруд ва мусиқа дарс медиҳад.
Дар акс: З.Рашидова (аз чап саввум) бо ҳамроҳи ҳамкасбон
Инчунин, дар ансамбли "Ветеран"-и назди Иттиҳодияи ҷанговарони собиқадор ва ногироёни Ӯзбекистон, ки бо роҳбарии Талъат Муродов ва Юсуф Абдуллоев ташкил шудааст, ҳамчун сурудхон фаъолият дорад. Барои хизматҳояш дар ин самт соҳиби медали "VETERAN"-и иттиҳодия гардид.
Зулфия Рашидова дар фестивал ва анҷуманҳои байналхалқӣ ҳам иштирок кардааст. Аз ҷумла, соли 2008 дар қароргоҳи ЮНЕСКО бо сурудҳои "Ушшоқи Самарқанд", "Гулъузорам" баромад карда, ба таҳсини халқи Фаронса сазовор гардид. Соли 2017 бошад, ба шаҳрҳои Красноярски Россия ва шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ сафари ҳунарӣ дошт.
Толиб ЮНУСЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.