Самарқанд яке аз минтақаҳои салоҳияти иқтисодиаш баланд, макони таърих ва фарҳанги ғанӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замини табаррук оромгоҳҳои ҷовидонаи алломаҳову саркардаҳои бузургамон, аҷдодони азизамон, ки Ватани ҷонаҷонамонро ба ҷаҳону ҷаҳониён шиносонидаанд, ҷой гирифтааст...
Шавкат МИРЗИЁЕВ
Дар бораи волоияти шаҳри азизу гиромии мо бузургони ҳар давру замон баҳои муносиби худро додаанд. Дар радифи ин ҳарфҳои баланд суханони Президенти аввалини Ӯзбекистон, бузургмарди сиёсатмадори шӯҳратёфта ва тавонои ҷаҳонӣ шодравон Ислом Каримов низ ҷой дорад, ки гуфтааст:
«Самарқанд – макони илоҳиест, ки соҳиби таърихи ҳазорсолаҳо буда, шӯҳрати халқи мо, миллати моро ба тамоми олам машҳур гардонидааст.
Самарқанд шаҳрест, ки гузаштааш шӯҳратёр, имрӯзааш саодатманд ва ояндааш абадист.»
Барҳақ, Самарқанд аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ, яке аз марказҳои асосии илму фарҳанг, иқтисод ва сиёсат аст. Инчунин, оламиён Самарқандро чун маркази маъмурии вилояти Самарқанди Ҷумҳурияти Ӯзбекистон мешиносанд, ки он ифтихори мост.
Самарқанд дар ваҳдату дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик ва ривоҷи адабиёти ҳар ду халқ, пос доштани беҳтарин суннатҳои он аз қабили зуллисонайнӣ низ мақоми хоссае дорад.
Аз ин ҷост, ки бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари мамлакатамон Шавкат Мирзиёев дар даромадгоҳи Боғи маданиву истироҳатии ба номи Алишер Навоӣ ҳайкали устоду шогирд, дӯсту ҳамдил Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ қад афрохта, ба як гӯшаи ободу дӯстӣ табдил ёфт. Дар шафати боғ ва Шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон низ Хиёбони Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо нимпайкараи базебаш ба ҳусни шаҳр файзи дигаре ҳамроҳ мекунад.
Самарқанд на танҳо бо кӯшку манора ва ёдгориҳои таърихӣ, балки бо дигаргунии куллии сохтмону роҳсозӣ, ки маҳз бо шарофати Истиқлол бунёд мегардад, номвар мешавад. Биноҳои бисёрошёна, таълимгоҳҳои оливу миёнаи махсус ва таҳсилоташон ҳамагонӣ, меҳмонхонаҳо, мағоза ва растаҳои савдову тиҷорат, коргоҳҳои хориҷиву ватанӣ ҳама барои некӯаҳволии мардуми шаҳр ва меҳмонони ин диёр хидмат мерасонад.
Ҳукумати шаҳр бо сарварии ҳоким Фурқат Раҳимов барои боз ҳам обод ва соҳиби имкониятҳои васеъ гардидани Самарқанди фирдавсмонанд, ки чун Дарвозаи Шарқ эътироф шудааст ва ватани фестивали байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» ҳам ҳаст, заҳмати беш доранд.
Аҳли эҷоди рӯзномаи шаҳрии «Самарқанд», ки маводро баробари ӯзбекӣ ба забонхои тоҷикӣ ва русӣ низ чоп мекунад, ифтихор дорад, ки хидмати заҳматнок ва бошарафи тарғиботи маънавӣ, дидгоҳи мулоҳизавиву таҳлилӣ ва сиёсиву иҷтимоиро бар дӯш дорад.
Ҳаким ҶӮРАЕВ,
Сармуҳаррири рӯзномаи «Самарқанд», депутати Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.