Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

“СубҲ”-атон босафо бод...

Нашрияи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти ноҳияи Самарқанд – рӯзномаи “Гулобод тонги” (“Субҳи Гулобод”), ки миёни кормандони соҳаи матбуот ва мухлисони расонаҳои ахбори тоҷики Ӯзбекистон бо номи “Субҳи Гулобод” маҳбубият ва маъруфият дорад, аҳли эҷоди рӯзномаи ҷумҳуриятии “Овози тоҷик”-ро хушнуд гардонид.

Зеро “Овози тоҷик”-и 93-сола аз роҳҳои пуршебу фарози тайнамудаи “Субҳи Гулобод”, ки бо исмҳои “Самарқанд ҳақиқати”, “Шарқ тонги” чоп мешуд, хуб огоҳӣ дорад. Рӯзнома бо вуҷуди дар замонҳои гуногун, табадуллоти сиёсиву иҷтимоӣ нашр гардиданаш, ба мазмуну мундариҷа, хидмати фарҳангиаш устувор монд. Чун бузургмарди якрӯву якдил ва якгап ҷонибдори манфиатҳои халқи меҳнатқарин ва суханвар буду ҳаст.
Равобити “Овози тоҷик” бо ин рӯзномаи соҳибҷашн ҳангоми муҳарририи Насриддин Зайниев, Эркин Азаматов, Абдусалом Муҳаммадалиев, Шодӣ Мирмаҳмадов оғоз гирифта, ҳолиё бо шоири ширинкаломи ҳавзаи адабии тоҷикони Ӯзбекистон, журналист ва омӯзгори хушсалиқа Нормурод Каримзода мустаҳкам мегардад.
Вақте ки як саҳифаи “Шарқ тонги” бо ташаббуси равшанфикрон ва ғамхории ҳукумати маҳаллӣ ба забони тоҷикӣ чоп шуд, қаламиҳои рӯзноманигорони шӯъбаи тоҷикӣ Зоҳир Ҳасанзода, Раҳим Мавлонӣ, Нигораи Ислом, Мукаммал Раззоқова, Бахтиёри Ҷумъа ва дигарон манзури мо гардид. Хурсандем, ки ҳоло масъулияти ин саҳифа ба зиммаи журналисти саодатманд, шоира Дилрабо Насимӣ аст ва ӯ бо маҳорати баланд ва дилгармии махсус ин гӯшаи тоҷикиро обод месозад.
Субҳатон доимо бофайзу босафо бод, ҳамкасбони азиз!
Ҷашни 60-солагии рӯзномаро ба аҳолии меҳнатқарин ва созандаи ноҳияи Самарқанд, ки ба ибораи Аввалин Президенти Ӯзбекистон шодравон Ислом Каримов “Камарбанди зумуррадгуни шаҳри Самарқанд” аст, табрик мегӯем.
Аз номи аҳли идораи рӯзномаи ҷумҳуриятии

“Овози тоҷик” сармуҳаррир
Шерпӯлод ВАКИЛОВ

Рӯзномаи ноҳиявии “Гулобод тонги” (“Субҳи Гулобод”) дар таърихи 60-солаи нашраш гувоҳи воқеаҳои гуногуни таърихӣ гардид. Ва дар ҳама давр ҳам чун фарзанди асили замонҳо хидмати шарафмандона иҷро намуд.
Агарчӣ бо сабабҳои иҷтимоӣ рӯзнома дар бадали 60 сол номҳои “Самарқанд ҳақиқати”, “Шарқ тонги”, ҳолиё “Гулобод тонги” (“Субҳи Гулобод”)-ро гирифт, дар китф бори маънии матбуотро содиқона бардошт. Ҳамдаму ҳамрози вакилони соҳаҳои гуногуни ҷамъият гардид. Ба воситаи мухбирони соҳибтаҷрибааш дарди халқро рӯйи саҳифа оварда, чун шифокори ҳозиқ дармон ҷуст. Ба бархе аз камбудиву нуқсонҳои ҷамъият бо сухани баланду оташбораш даво бахшид.
Барои ба минбари ҳақиқии розу ниёзи халқ табдил ёфтани рӯзнома хизмати муҳаррирон Аҳмадҷон Раҷабов, Насим Нориев, Насриддин Зайниев, Эркин Азаматов, Абдусалом Муҳаммадалиев, Шодӣ Мирмаҳмадов босазост. Ин вазифаи басо сангин ва пурмасъул ба китфи шоир ва рӯзноманигору омӯзгори некбин Нормурод Каримзода бор аст. Маҳз дар даври сарварии ӯ рӯзнома пурмазмун, босифат, рангину пурҷило гардид. Ин хизмати ӯро таърихи матбуот фаромӯш намесозад.
Кормандони имрӯзаи рӯзнома Нормуҳаммад Олимов, Хуршед Нуруллоев, Тошпӯлод Юсуфов, Дилрабо Насимова, Баҳодур Ҳасанов, Мастура Султонова. Азамат Аминов, Назифа Рофеева, Бекзод Қодиров, Шоҳида Бердиева ва дигарон барои боз ҳам хонову дилработар баромадани рӯзнома ҳиссагузор мешаванд.
Шунидем, ки дар арафаи ҷашни 60-солагӣ идораи рӯзнома соҳиби бинои нав мегардад. Аз ин рӯ, ҷашну иди бӯрёкӯбон барои аҳли идора ва мухлисони сершумори рӯзнома муборак бод!
Ҷамоаи “Овози Самарқанд” бо аҳли “Гулобод тонги” (“Субҳи Гулобод”) доимо ҳамкору ҳамдил буду солҳо чун як дилу як ҷон қарин мемонад.

Аз номи ҳайъати таҳрири нашрияи Шӯрои намояндагони халқи вилоят –
рӯзномаи “Овози Самарқанд” иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррир Бахтиёр ҶУМЪАЕВ


Дата добавления: 28/06/2017 15:02;   Просмотров: 1445
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку