Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ТАФСИРИ МАЪНИРО БУРҲОНИ ҚОТЕЪ МЕБОЯД

Мисолҳои омада куллан ифодагари аспанд. Мутолиа ва мушоҳидаи маводи ашъор ба мо имкон фароҳам овард, ки ба масъала андак равшанӣ андозем. Устод Рӯдакӣ дар яке аз мисраъҳои роҷеъ ба вожаи хингбед тафсир дода, оид ба хинг низ ишора мекунад. Яъне калимаи хинг дар таркиби хингбед чун яке аз аломатҳои он меояд:

1) Тани хингбед арчи бошад сапед,
Ба таври нармӣ набошад чу бед.
Ранги сафед доштани хингро мисраи Фирдавсӣ низ тақвият мебахшад:
2) Або худ бибурдаст хингу сиёҳ,
Ки худ бораи номбардори шоҳ...
Тавре, ки бармеояд, шоир калимаҳои ҳамтазод (антонимӣ)-ро паҳлӯ ба паҳлӯ гузошта, ҷуфти антонимӣ сохтааст. Яъне калимаи хинг (сафед)-ро паҳлӯи калимаи сиёҳ ҷой додааст. Ва ин нукта бори дигар собит менамояд, ки хинг ранги сафеди асил аст на омехта бо хокистарранг.
Пеш аз он ки ин вожа ифодагари асп шавад, аломати он будааст ва баъдан тадриҷан чун асп мустаъмал гаштааст. Инро маводи ашъор ва дигар сарчашмаҳои боэътимод исбот менамоянд:
3) Зи дарё баромад яке аспи хинг,
Сурингирд чун гӯру кӯтоҳлинг.
ва ё
4) “Ӯро дид... аспе хинг бар дари хайма бидошта ҳамчанди кӯҳе, полҳанг бар даст рикобдор ба хоб”.
Аз ин ду мисоли болоӣ бармеояд, ки калимаи хинг дар таркиби ибораҳои “аспи хинг”, “аспе хинг” чун тобеъшаванда асломати аспро шаҳодат медиҳад. Ба маънии асп мустаъмал шудани он ҷараёни дигарро паси сар намудааст. Профессор Шарофиддин Рустамов дар китоби худ “Калимасозии исм дар забони адабии ҳозираи тоҷик” таъкид мекунад, ки “ба исм гузаштани дигар ҳиссаҳои нутқ ду хел воқеъ мешавад: баъзе калимаҳо дар давраи дуру дарози таърихӣ аз дигар ҳиссаҳои нутқ ба исм гузашта, дар забони адабии ҳозираи тоҷик танҳо ҳамчун исм ифода мешавад. Чунончӣ: беқасаб, шоҳӣ, парранда, бофанда, борон ва ғ.”. “Асп”-и мо низ тӯли таърих ҳамин ҷараёнро аз сар гузаронида, пурра ба исм гузаштааст ва тамоми хусусиятҳои онро ба ӯҳда гирифтааст:
5) Оби Ҷайҳун бо нишоти рӯйи дӯст
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
* * *
6) Чун ром шуд хинг бар ҷои хеш,
Ки нанҳод даст аз пасу пои пеш.
* * *
7) Сикандар бар он хинги хатлӣ нишаст,
Ки чун гард бархосту чун барқ ҷаст.
Хулосаи калом, далелҳои мушаххас собит менамоянд, ки вожаи “хинг” дар ашъори устод Рӯдакӣ, билхосса қасидаи “Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме” чу наспи сафед эътироф шуда ва фарҳангҳои боэътимоди бостон низ, монанди “Бурҳони қотеъ”, “Ғиёсуллуғот” ва амсоли он дар тафсири вожаи мазкур ин маъниро тақвият додаанд. Бинобар ин, минбаъд агар “хинг” чун аспи сафед дар фарҳангҳо тафсир меёфт, аз манфиат холӣ набуд, вагарна рангорангии шарҳи маънӣ хонандаро ба шубҳа хоҳад овард. Масъалаи аз ибораи изофии “аспи хинг” ва ё “аспе хинг” сар задани маънии кунунии хинг, яъне аспро далелҳои оварда собит менамоянд ва ин нукта тибқи қоидаи машҳури лисонӣ, ки дар боло зикраш рафт, сурат гирифта, тӯли қарнҳо аз категорияи сифат ба исм гузашта, тамоми хусусиятҳои грамматикии онро бар дӯш гирифтааст.

Абдуваҳҳоб ВОҲИДОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд


Дата добавления: 03/11/2017 12:27;   Просмотров: 1322
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку