Девони Вазирони Ӯзбекистон пешниҳоди Вазорати кишоварзиро дар бораи ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии занони деҳот дар санаи 15-уми октябр пуштибонӣ кард.
Ҳукумат ташкилотҳои заминаи кишоварзӣ, Девони вазирони Ҷумҳурии Қорақалпоқистон ва ҳокимиятҳои вилоятҳоро ӯҳдадор кард, ки 15-уми октябр ба муносибати Рӯзи байналмилалии занони деҳот тадбирҳоро роҳандозӣ кунанд. Рӯзи байналмилалии занони деҳот бо қатъномаи Ассамблеяи умумии СММ аз рӯзи 18-уми декабри соли 2007 тасдиқ шудааст. Ин қатънома нақши муҳими занони деҳотро, аз ҷумла, саҳми онҳоро дар таҳрик додани рушди кишоварзӣ ва деҳҳо, болобарии амнияти хӯрокворӣ ва аз байн бурдани бенавоӣ дар деҳҳо эътироф мекунад. Соли 1995 дар чаҳорумин анҷумани бонувони Созмони милали муттаҳид дар Пекин таҷлил кардани Рӯзи бонувони деҳот нахустин бор пешниҳод шуда буд. Бисёри кишварҳои ҷаҳон имрӯзҳо ин ҷашнро таҷлил мекунанд.
манбаъ: kun.uz
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.