Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ТӮҲФАИ БЕҲТАРИН

Дар мактаби таълими умумии рақами 40 Ҳафтаи китобхонии оммавӣ хотирмон гузашт. Дар доираи ҳафтаина аксияи “Ба як фарзанд се китоб” гузаронида шуд, ки дар он волидони хонандагони синфи 6 “Б” фаъолона иштирок намуданд. Онҳо ба фарзандони худ тӯҳфаи беҳтарин - китоб армуғон карданд.

Тақдимоти китоби “Меҳр ва шеър”-и шоири самар-қандӣ - Салим Кенҷа аз тарафи хонандагони синфи 6 “Б” (бо роҳбарии Шаҳло Ҷабборова) гузаронида шуд. Дар он муаллифи китоб - Салим Кенҷа, Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Аслиддин Қамарзода, шоираи хушбаён Парисо (Саодат Алиева), услубшиноси забон ва адабиёти тоҷики шӯъбаи ТТФММТХ ноҳия Сарвинисо Нарзуллоева, мухбири телевизиони Самарқанд Собир Бурҳонов, мудири ахбору ресурси шӯъбаи таълими халқии ноҳияи Самарқанд Нилуфар Қаҳҳорова ва омӯзгорони забон ва адабиёти мактабҳои ноҳия иштирок намуданд.
Дар тадбир собиқ директори мактаб, Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, рӯзноманигор Раҳматилло Шарифзода дар бораи эҷодиёти Салим Кенҷа ва Аслиддин Қамарзода изҳори ақида намуда, ҳозиронро ба китобхонӣ ҳидоят кард.
Хонандагони синфи нӯҳум А.Собиров, С.Набиева, Ф.Рустамова, А.Абдурафиқова дар бораи ҳаёту фаъолияти Салим Кенҷа маълумот доданд. Хонандагони синфи шаш Р.Асадтиллоева, Ф.Мӯъминбоева, Р.Тоҳирова, Ш.Қаҳҳорова, Х.Зарифова, М.Субҳонова, М.Абдусаломова, Г.Рашидӣ, Г.Саидқулова, А.Ҷумъаев, Ш.Орзуқулов, М.Асадова, Р.Абдунаимова, Д.Муҳаммадиев аз шеърҳои шоир қироат намуданд.
Инчунин, хонандагони синфи 5 (бо роҳбарии Холида Маҷидова) тақдимоти китоби “Шукронаи истиқлол”-и шоир Нормурод Каримзодаро гузарониданд.
Дар охир иштирокдорони фаъол бо ифтихорномаи ҲИҶ “Камолот” ва мактаб сарфароз гаштанд.

Лола МАҶИДОВА


Дата добавления: 21/04/2017 11:53;   Просмотров: 1445
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку