Ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти мамлакатамон барои мардуми Ӯзбекистон иди бузургест.
Хонадони Фурқат Зиёев аз маҳаллаи Талибарзуи поён ба ин ид тӯйи суннатии пайвандони хонадон Муҳаммадҷон ва Аҳмадҷонро ҳамроҳ намуданд. Дар тӯйи мазкур аз Хонаи меҳрубонии рақами 1-и шаҳри Самарқанд ҳафт нафар тарбиятгирандаро оварда, баробари набераҳои худ тӯй карданд. Ба онҳо тӯҳфаҳои қимматбаҳо бахшида, дилҳоро шод намуданд. Дар тӯйи хуҷаста имоми масҷиди ҷомеи Равонак Бахтиёр Насруллоев, сарвари маҳалла Санъат Баҳромов ва дигарон суханони нек гуфтанд.
Мустафои ВАФОЗОД
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.