Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

УСТОД ЧӢ ГУНА – ШОГИРД НАМУНА

Хонандаи синфи поёни мактаби рақами 47 будаму бахшида ба ҷӯраҳо, ҳамсинфон шеърҳои ҳазломез менавиштам. Боре модарам - бонуи адабдӯсту худогоҳ Фароғат Тошқулова дафтари машқҳои маро дида гуфтанд:

- Ба ту устод лозим. Шогирди устоднадида ба ҳар роҳ равона мешавад. Дар маҳаллаи Хоҷа Аҳрори Валӣ идораи рӯзнома будааст. Дар он ҷой шоиру нависандагон кор мекунанд, назди онҳо рав!
- Э, бийӣ, шарм медорам, - ҷавоб додам ман.
- Шарм дорӣ, аз ҳама чиз бебаҳра мемонӣ...
Дар истгоҳи Хоҷа Аҳрори Валӣ аз автобус фаромадам, ки дар назди сояи дарахти чормағз ҷавонзане об мефурӯхт. Аз ӯ куҷо будани редаксияро пурсидам.
- Укамулло, ман адабиётчӣ не, водопроводчӣ - қоҳ-қоҳзанон хандида гуфт зан. – Аз ман об пурсед.
Ман хомӯшона аз назди зан дур шуданӣ будам, ки боздошт.
- Укамулло, аз ман наранҷед. Ба шумо манзили Хонаи пионеронро (сонитар номи Маркази эҷодии бачагон ва наврасонро гирифта, ҳоло Авлоди баркамол мегӯянд.) нишон медиҳам. Аз ҳамон ҷо редаксияро пурсед, шояд онҳо донанд.
Ман бо нишондоди зан ба он ҷо рафтам. Дар саҳни ҳавлӣ ду нафар муаллима бо ҳам сӯҳбат доштанд. Ба онҳо мақсадамро изҳор кардам.
Ин вақт аз дохили бино марди миёнақади чеҳракушод дар тан костюму шим ва дар гарданаш галстук бо дастаи китобу рӯзномаҳо берун шуд.
- Муаллим, ин бача редаксияро ҷустуҷӯ дорад, - гуфт яке аз занҳо. – шеър менавиштааст.
- Бисёр хуб, - гӯён он марди хушлибос бо ман вохӯрд, - Мо эҷодкорони ҷавонро дастгирӣ мекунем.
Маро ҳамроҳ ба утоқи кориаш бурд. Баъд фаҳмидам, ки вай директори Хонаи пионерон, шоир Нормурод Каримзода будааст. Навиштаҳоямро хонда, маслиҳатҳо дод. Баъд гӯё чизе ба хотираш омада бошад, ба ман рӯ овард:
- Комилҷон, хез, ба таҳририяти рӯзномаи ноҳияамон меравем!
Бинои якқабатаи идораи рӯзномаи “Шарқ тонги” (ҳоло “Гулобод тонги”) дар рӯ ба рӯйи масҷиди Хоҷа Аҳрори Валӣ ҷойгир будааст. Нормурод Каримзода маро бо муҳаррири рӯзнома Насриддин Зайниев шинос карданд. Муҳаррир низ моро самимона истиқбол гирифтанд. Аз котиба хоҳиш намуданд, ки ходимони адабӣ Абдусалом Муҳаммадалиев, Нормаҳмад Олимов ва Шавкат Сафотиллоевро даъват намояд.
Он рӯз бо роҳбаладии устод Нормурод Каримзода бори аввал бо эҷодкорон ва муҳити идораи рӯзнома шинос шудам.
- Барои тарбияи кадри оянда ҳама якҷоя мекӯшем, - гуфтанд сармуҳаррир. – Умед дорем, ки дар оянда журналисти зӯр мешавад.
- Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад!
– хитоб намуданд Нормурод Каримзода.
Моҳи ноябри соли 1981 аввалин шеърам таҳти рукни “Ғунчаҳои умед” рӯйи чопро дид. Баробари ман хешу ҳамсояҳо дар даст рӯзномаро гирифта, хурсандӣ менамуданд. Шодии ман интиҳо надошт. Онро гаштаву баргашта хонда, ҳеҷ бовариам намеомад, ки эҷодкорони номдор ба хонандаи синфи панҷум ин қадар эътибор медиҳанд. Устод Н.Каримзода ва он мардони зиндаёди номбурда бо дарёдилии худ ба қалби кӯчаки ман нисбат ба назму наср шавқу завқ бедор карда тавонистанд. Рӯзномаи “Гулобод тонги” на танҳо орзуи маро ҷомаи амал пӯшонд, балки дар оғӯши худ тарбия намуда, ҳамчун мактаби нахустин роҳи зиндагиамро муайян сохт.
Дар давоми хизмати ҳарбӣ аз ҳаёт ва фаъолияти хизматчиён дар рӯзномаи ҳавзаи ҳарбии “Сарҳадбони уқёнуси Ором” хабару мақола менавиштам.
Рӯзномаи дӯстдоштаамон “Гулобод тонги” (“Субҳи Гулобод”) дар давоми солҳои зиёд ба халқи мо тарғиби маънавият, адабиёту фарҳанг, ахлоқи инсонӣ, барангехтани ҳиссу андешаҳои худшиносию ҷавонмардӣ, инсонпарварӣ, ҳақгӯӣ ва маърифатхоҳӣ, баланд бардоштани завқи суханшиносии пиру ҷавонон гашта, барои кашфи истеъдодҳои нав хизмат менамояд.
Маводи саҳифаҳои рӯзномаро шеъру ҳикояҳои шакаррез, мақолаву зарбулмасалҳои пандомез, латифаю лавҳа, панди буургон, мақолаву мусоҳибаҳо хонданибоб мегардонад. Бигзор саҳифаҳои рӯзнома аз нақши дастони мухлисон рангу ҷилои тоза гирад ва дар ҳар соҳа маслиҳатгари хонадонҳо бошад.

Комил ҶӮРАҚУЛОВ


Дата добавления: 28/06/2017 15:20;   Просмотров: 1705
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку