Вақте ки мо толибилмони соли чаҳоруми бахши филологияи Дорулфунуни давлатии Самарқанд будем, ба гурӯҳи мо ҷавони қоматбаландеро ҳамроҳ намуданд. Ману рафиқи ҳамкурсам Насим Раҷабов, дар як курсии дукаса менишастем, ҳангоми дарс аз курсии ақиб коғазеро ба мо дароз намуданд. Ману рафиқам ба сатрҳои дар он сабт шуда назар афкандем. Дар он чунин навишта шуда буд: "Рафиқон, ман имрӯз шуморо ба хона таклиф менамоям. Падарам - Зеҳнӣ имрӯз аз Душанбе ба Самарқанд омаданд, ҳоло дар хона. Шумо меҳмони мо мегардед ва ҳам бо падарам шинос мешавед".
Мо ҳарду ин таклифи ҳамкурси навамонро ба хурсандӣ қабул намудем, чунки ба мо муаллимамон домулло Абдураззоқ Ғаффоров (ҷояшон дар ҷаннат бод!) дар бораи ин марди фозилу донишманд нақл карда буданд. Рафиқам Насимҷон ба ман фармуданд, ки ҳамроҳам як ду шеъри машқ кардаамро гирам. Мо баъди дарс ҳамроҳи ҳамсабақи навамон - Фарҳодака сӯи манзили он кас раҳсипор гардидем. Фасли зимистон буду мо бо аъзои оилаи устод Зеҳнӣ шинос гардида, дар атрофи сандалӣ нишастем. Аъзоёни оилаи устод Зеҳнӣ ҳама одамони бомаърифат буданду сухан фақат дар бораи илму адабиёт мерафт. Дар сӯҳбат модари меҳрубони Фарҳодака муаллима Ҳамида Ҷалолова ва хоҳаронашон - Фарруха ва Фирӯзабону иштирок менамуданд. Ҳангоми сӯҳбат бо ишораи Насим Раҷабов ман шеъри нахустини худ "Мактаб"-ро ба домулло Зеҳнӣ шармгинона дароз намудам. Домулло Зеҳнӣ ин шеърро мутолиа намуда писандиданд ва ба ман - "Канӣ, як худатон хонед", - гуфтанд. Ман ба таври худ шеърамро хондам. Он кас баъзе нуқсонҳои шеърхонии маро ислоҳ намуданд. Сонӣ сухан дар мавзӯъҳои гуногун давом кардан гирифт. Ин сӯҳбати нахустин бо устод Зеҳнӣ ба мо таъсири калон бахшид. Ин буд, ки мо ба хонаи Фарҳодака зуд-зуд рафтуо мекардагӣ шудем ва домулло Зеҳнӣ дар аз худ намудани ҷиҳатҳои душвори забоншиносӣ ёрӣ мерасондагӣ шуданд.
Муаллими мо - домулло Ғаффоров бисёрии корҳои илмии дар соҳаи забоншиносӣ иншокардаи худро аз зери назари устод Зеҳнӣ мегузарониданд, ки мо борҳо гувоҳи он шудаем.
Вақте ки устод Зеҳниро ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон ба кор таклиф намуданд, он кас бо ду духтар ва ҳамсарашон ба Душанбе кӯчида рафтанд. Ман дар хотимаёбии хонишам дар Дорулфунуни Самарқанд барои иҷрои кори дипломӣ ба Душанбе рафтам ва дар Институти забон ва адабиёт кор кардам ва як моҳ ҳамроҳи писари устод Зеҳнӣ - Фарҳодака дар хонаи падарашон зиндагӣ намудам. Дар ин ҷо ман бо домулло Зеҳнй ҳам ҳамсӯҳбат шудам ва ба ман муяссар шуда, ки барои иҷрои кори дипломиям аз он кас маслиҳатҳои муфид ба даст овардам.
Устод Зеҳнӣ баробари олими бузурги соҳаи забоншиносӣ будан, инчунин шоир ва донишманди бемисли адабиёти классикӣ ба шумор мерафтанд. Илова бар ин устод Зеҳнӣ шахси беғаразу хушчақчақи ба хурду калон баробар буданд. Ҳамроҳи мо завқ карда механдиданд, маро ҳамчун писари худ дӯст медоштанд, ҳазлро меписандиданд. Вақте ки китобҳои он кас "Суханварони сайқали рӯи замин", "Санъати сухан" ва ғайраҳо рӯи чопро диданд, ман аз он кас хоҳиш кардам, ки - "Домулло, ба ман ҳам аз ин китобҳо тақдим намоед", - он кас дар ҷавоб - " Шумо китобро аз магазин гирифта оред, ман ба шумо бо соядаст тақдим менамоям", - гуфтанд хандакунон. Ман ҳамин тавр ҳам кардам ва соҳиби соядасти устод Зеҳнӣ шудам.
Устод Зеҳнӣ фарзандони худро бисёр дӯст медоштанд. Аз ин ҷост, ки вақте ки духтари хурдии устод Фирӯза синфи даҳро тамом кард, шеъре навишта ӯро табрик намуданд, ки якчанд мисраи он дар ёдам мондааст:
Нури чашмонам, ҳамеша шод бош!
Дар дилу дар дидаву дар ёд бош!
Хатм кардӣ мактабат аълосифат,
Комсомоло, комсомол эҷод бош!
З-ин сабаб Фирӯзаи фирӯзи ман,
Дар дилу дар дидаву дар ёд бош!
Устод Зеҳнӣ муасалласи дастиро дӯст медоштанд. Муасалласро писарашон Фарҳодака дар Самарқанд тайёр меоварданду ба падарашон дар Душанбе мефиристоданд.
Ман шоҳиди бисёр хислатҳои неки устод Зеҳнӣ шудаам. Маро ин марди оқилу фозил ҳамчун писар дӯст медоштанд, ки як умр аз он кас миннатдор ҳастам. Ин мард дар дилу дар дидаву дар ёди мо абадӣ боқӣ мемонанд.
Абдукарим ҒАНИЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.