Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ХаргӮшак

Бачаҳо дар майдонча давра мешаванд. Яке аз онҳо дар мобайни давра дастонашро мисли харгӯшак нигоҳ дошта меистад. Бачаҳо дастони якдигарро дошта, дар атрофи ӯ давр мезананд. Харгӯшак хомӯш мешинад. Бачаҳо месароянд:

Харгӯшак, харгӯшак,
Чаро касал шудӣ ту?
Харгӯшак, харгӯшак,
Чусту чолок будӣ-ку?!
Аз ҷо хез! Дасту рӯ шӯй!
Ба мо салом гӯй!
«Харгӯшак» бояд ҳар як гуфтаи бачаҳоро бо ишораҳо нишон диҳад. Вай аз ҷой мехезад, бо имову ишора дасту рӯяшро мешӯяд, дасташро пеши бар гирифта, сарашро хам мекунад. Бачаҳо боз мегӯянд:
Ба оина нигоҳ кун!
Акнун мӯят шона кун!
Бачаи дар мобайнбуда ба хатогӣ роҳ надода, бояд гуфтаи бачаҳоро иҷро намояд. Агар ба ҷои як амал ҳаракати дигарро иҷро кунад, бозӣ аз нав оғоз меёбад. Дар охир бачаҳо хитоб мекунанд:
Харгӯшакам Аломат,
Акнун шудӣ саломат?!
Харгӯшак чашмонашро пӯшида, аз байни бачаҳо, ки дастонашонро дошта, давр мезананд, якеро интихоб мекунад. Он дар мобайни давра қарор мегирад ва бозиро аз нав сар мекунанд.

Таҳияи Шукрона


Последнее редактирование: 05/07/2018 12:28;   Просмотров: 1271
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку