Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ХАЙР, КУРСИИ МАНСАБ!

Фарорасии Соли Навро аз ҳама бештар ман интизор мешавам. Медонед, чаро? Дар Соли Нав, яъне 1-уми январи соли 2019 аз курсии мансаб сабукдӯш мегардам...

Ҳар сол дар арафаи Соли Нав ин байтҳои шоир ба хотирам мерасид:
Боз омад бар дари мо Соли Нав,
Боз омад бахти нав, иқболи нав.
Лек умре аз ҷавонӣ рафт-рафт,
Ҳам шубоби зиндагонӣ рафт-рафт...
Баъзан ба вақти гузашта дилам месӯхт.
Ҳоло бошад, мехоҳам зудтар соату дақиқа, сонияҳо паси сар шуда, рӯзи 31-уми декабри соли 2018 ояду мили соат ба 00.00 расад.
Камина асло аз соли 2018 норизо нестам. Зеро дар ин сол то ҳадди имкон эҷод намуда, барои хонову пурмазмунии рӯзнома саҳмгузор шудам ва дар вилоят ҳамчун "Журналисти фаъолтарини сол" эътироф гардидам. Он рӯз барои аҳли идораи мо ид буд. Хизматҳои маро ба инобат гирифта, ба зиммаам вазифаи пурмасъули ҳарфчинро супориданд. Ман ҳам дар қатори котиби масъул, ҳисобчӣ ва саҳифабанд ба нармкурсии баланди панҷпоя, ки пешу қафо меравад, чарх мезанад ва пасту баланд мешавад, соҳиб гаштам. Барои боҳаловат буданаш ин курсиро байни худ ҳазломез "курсии мансаб" мегӯем.
Дар давоми фаъолияти 22-солаи рӯзноманигорӣ боре ҳам ба ин хел курсии мансаб нанишаста будам. Борҳо ба истилоҳи "Журналист касбашро иваз мекунад" амал намуда, бо тадбиркориву ҳунармандӣ ва деҳқонӣ шуғл варзидаам. Ин корҳо берун аз соҳа буд.
Аввалҳо гумон мекардам, ки ҳуруфчин шахси итоаткор аст. Он чизе ки мухбирон месупоранд, дар компютер менависад. Пас аз хондани мусаҳҳеҳ маводро ислоҳ намуда, аз рӯйи тарҳи саҳифа ба саҳифабанд ирсол мекунад. Ба фикри ман, ҳуруфчинӣ амали аз ҳама осон ва бемасъулият дар идораи рӯзнома буд.
Аз рӯйи тарҳ ҳамаи маводро ба саҳифабанд фиристода, акнун ба даст қалам гирифта будам, ки котиби масъул вориди кабинет шуд:
- Зуд бош, барои саҳифаи ду дар ин ҷо ягон мақола ёфта те! - гуфт ӯ ба ҷои холии саҳифа ишора карда.
- Магар ҳангоми макеткашӣ сатрҳоро ҳисоб накардед? - пурсидам аз ӯ. - Чанд сатр лозим?
- Ба сатраш корат набошад, ягон чизи майда даркор! - носашро базӯр дар даҳон нигоҳ дошта фармон дод ӯ.
Аз тарси он ки носи даҳонаш ба болои сарам нарезад, зуд аз пайи иҷрои супориш шудам,
Рӯзи дигар маводро чида, акнун ба эҷод даст заданӣ будам, ки дар тақ-тақ шуд ва иҷозат пурсида, мухбири нави рӯзнома ба хонаи корӣ даромад.
- Илтимос, ҳамин мақоларо чоп карда медодетон...- бо илтифот гуфт ӯ коғазро сӯям дароз карда.
Ба он нигаристаму чашмамро сиёҳӣ пахш кард. Мегӯянд, ки аксар эҷодкорони хуб хушхат нестанд. Бо хати безеб асарҳои беҳтарин навишта мешаванд. Бо азобе дастнависи ӯро хонда, чоп кардам.
- Ма, - дод зад котиби масъул баъди хондани он. - Инро ислоҳ кун!
Хабари навиштаи мухбири нав бо қалами сурх хат кашидаву иловаҳои зиёд дошт. Онро ислоҳ кардам. Боз он боиси шӯру мағал шуд. Ҳар гоҳ мухбири нав чизе нависад, ғавғо мехесту корам бисёр мешуд. Бо мақсади барқарорсозии муҳити хуб ба коғазе навиштам: "Муҳити солим, осоиш ва тинҷӣ ба эҷодкор илҳом мебахшад". Онро ба девори ҳуҷраи котиби масъул ва мухбири нав овехтам. Онҳо аз кори ман хурсанд шуданд.
Хабари навиштаи мухбири нав пас аз чаҳор маротибаи таҳрир рӯи чопро дид. Хуб медонам, ки хатою камбудиҳояш - "гуноҳ"-и ман. Ному насаби мусоҳиби мухбир, вазифаи он, факту рақамҳоро бояд ҳуруфчин донад! Аммо ин чизҳо аз назари ман дур мондааст. Ороиши сарлавҳа, ба рамка гирифтани мавод низ вазифаи ҳуруфчин аст. Хатои техникӣ, афтодан ё пешу қафо чоп шудани ҳарфҳо аз назари ҳуруфчин дур монданаш асло мумкин не!
Дирӯз котиби масъул зодрӯз дошт. Ман бояд баробари ӯро бо зодрӯз табрик намудан тарҳи рӯзномаро мекашидам. Аз сабаби ба ҳамин кори оддӣ фаросатам нарасиданаш камтар сарзаниш шуданидам. Рост-дия, бояд дарк менамудам, ки котиби масъул дар як сол се бор, эъ, мебахшед, як боракак зодрӯз дорад. Бояд он рӯзро табъи дил гузаронад.
Дар маҷлиси навбатӣ боз вазифадор гардидам, ки матнро бехато чида, таҳрир намуда, дар ҳошияаш имзо гузошта, ба мусаҳҳеҳ супорам. Бе имзои ман ба макет ҷой додан ва саҳифабандӣ намудани мавод асло мумкин нест!
Акнун фаҳмидам, ки ба ин курсии зебо, бароҳат ва боҳашам нишастан ҳунари ҳар кас не. Бахусус, ман ба ин курсӣ лоиқ нестам. Аз ин рӯ,Соли Навро интизор мешавам. Зеро муддати шартномаи меҳнатӣ ба охир мерасад. Ура!!!

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 28/12/2018 16:57;   Просмотров: 1192
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку