Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ХАЙРБОДАТ, ЭЙ ЗИМИСТОН, ХАЙРАМАҚДАМ НАВБАҲОР!

Ҷашни Наврўзи оламафрўз дар тамоми гўшаву канори вилоят оғоз ёфт. Маркази ноҳияи Самарқанд – шаҳраки Гулобод намуди идона дошт.

Аз ҳар сў садои доираву дутор, бадеҳагўиву лапархонӣ адо медод. Бонувони хушрўзгори маҳаллаҳои ноҳия хўрокҳои миллӣ омода намуда, аз ҳафт “шин”-у “син” дастархони идона оростаанд. Бачаҳои хушҳол ғарқи бодбаракпарронианд. Ҳар кадоме мекўшад, ки бодбараки сохтааш дар само баландтар парвоз намояд.Духтаракон либоси миллӣ ба бар намуда, бо мўйҳои майдабофти чилкокула урфу одати ниёгонро аз нав эҳё менамоянд. Арўсакони хушлибос бо хироми ба худ хос меҳмононро истиқбол гирифта, таъзим менамуданд.

Тадбир бо савти дилнишин ва сухани табрикии ҳокими ноҳияи Самарқанд Ботур Қодиров оғоз ёфт.

- Ҳазор сол муқаддам Абўрай- ҳон Берунӣ дар асари худ “Ёдгории халқҳои қадим” ба Наврўз таъриф дода бошад, Умари Хайём таърихи пайдоиши Наврўз, урфу одатҳои ҷашнӣ, инчунин, оиди сумалак дар “Наврўзнома”-аш маълумоти муфассал додааст, - гуфт Б.Қодиров. – Наврўз дар солҳои истиқлол ба маънои том ба иди бийналхалқӣ табдил ёфт. Он дар маҳаллаҳо, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад. Дар арафаи иди Наврўз қариб бист адад нуқтаҳои савдо ва хизмати маишӣ мавриди истифода қарор хоҳад ёфт. Умед аст, ки дар даври бедоршавии табиат халқамон аз имкониятҳои истиқлол, кредитҳои боимтиёз пурра истифода бурда, баҳри ҳаёти фаровон саҳм мегузорад.

Дар тадбир савту навои сарояндагони боистеъдод ва дастаҳои ҳунарии Марказҳои маданият ва истироҳати аҳолӣ шукўҳи хос бахшид. Мардум аз сурудхонии Артисти халқии Ҷумҳуриятҳои Ўзбекистону Тоҷикистон Мардон Мавлонов, Шерзод Узоқов,Иноятилло Раҳмонов, Заррух Рустамов, Озода Ахмедова ва дигарон ба ваҷд омаданд.

Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 24/03/2017 11:57;   Просмотров: 1632
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку