Дар мактаби деҳаи Боғимайдони ноҳияи Самарқанд омӯзгор будам. Тобистони солҳои 80-и асри гузашта ҳангоми таътил бо рафиқонам ба шаҳри Панҷакент рафтем. Шаҳрро тамошо ва дар боғи шаҳр истироҳат кардем.
Сафар ба шаҳри куҳан хуб гузашт. Дар бозгашт аз дӯкон ду-се рӯзномаи маҳаллӣ харидам. Онҳо чун рӯзномаҳои ҳамон давр буданд. Вале аз рӯзномаҳое, ки дар Самарқанд чоп мешуданд, фарқе доштанд. Ин тафовут барои ман аҷиб буд. Се саҳифаи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” ва ноҳиявии “Зарафшон” ба забони тоҷикӣ ва як саҳифааш ба забони ӯзбекӣ буд. Дар шуури ман ҳисси ин навгониро тезтар ба роҳбарон расонидан пайдо шуд. Бо ғайрату ҷасорати ҷавонӣ ба кумитаи вилоятии ҳизб дар ин бора навишта, рӯзномаҳои овардаамро низ ҳамчун далел ба лифофа андохта, фиристодам. Аз байн як ҳафта – даҳ рӯз гузашту маро ба шӯъбаи маорифи халқи ноҳияи Самарқанд даъват карданд. Мудири шӯъба Шавкат Саидқулов ба ман гуфт:
– Муаллим, ба кумитаи вилоятии ҳизб пешниҳоди хуб кардед, вале... Ва вай ба ман ҳикоя кард, ки ҳангоми мудири шӯъбаи тарғиботи кумитаи ҳизби ноҳия буданаш котиби якӯми кумитаи ҳизби ноҳия Раҳматулло Абдуллоев ба вай гуфтааст, ки бо ташкил намудани саҳифаҳои тоҷикии рӯзномаи ноҳиявии “Шарқ тонги” машғул шавад. Маслиҳату муроҷиатҳои Ш.Саидқулов дар кумитаи вилоятии ҳизб натиҷае надодааст ва вай ба қабули котиби кумитаи марказии ҳизби Ӯзбекистон О.Салимов даромадааст. Вай арзи Ш.Саидқуловро шунида гуфтааст, ки даъвои шумоён дуруст аст, вале ҳеҷ ёрие дода наметавонам. Агар ин хел бошад, ман ба қабули котиби аввал медароям гуфтааст Ш.Саидқулов. Шумо ба ин ҳуқуқ доред, вале ман ин корро ба шумо маслиҳат намедиҳам. Ш.Саидқулов аз Тошканд супоришро иҷро накарда баргаштааст. Ман намедонам, ки он солҳо роҳбарони вилояту ҷумҳурият ин масъаларо бе рухсати Маскав ҳал карда метавониданд ё не. Вале як чиз чун рӯз равшан аст, ки дар ин масъала одамони вазифа, касбу кеор ва синну солашон гуногун фикр ва таклиф баён кардаанд, роҳҳои ҳалли ин муамморо ҷустаанд. Ва охир оқибат бо қарори Президенти аввалини Ӯзбекистон Ислом Каримов, бо шарофати бозсозиву истиқлол ва инояти парвардигор рӯзномаии вилоятии “Овози Самарқанд” ва саҳифаи тоҷикӣ дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ, аз ҷумла “Шарқ тонги” ташкил карда шуданд.
Ин кор батамом мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва натиҷаи сиёсати хирадмандони роҳбарияти ҳамонвақтаи ҷумҳурият, вилоят ва ноҳия буд.
Ман ҳам чун дигар мухбирони ҷамоатӣ ва мухлисони рӯзнома барои ҳарчи хоно ва шавқовар шудани маводҳои тоҷикӣ ба ходимони рӯзнома ёрие расонам, хеле хурсанд мешудам.
Ҳоло рӯзномаи ноҳияи Самарқанд – “Гулобод тонги” (“Субҳи Гулобод”) ҳаҷман калон ва дар дастгоҳҳои замонавӣ бо сифати хеле хуб чоп мешавад. Ман аҳли рӯзнома ва мухлисони онро бо ҷашни 60-солагӣ ва иди бӯрёкӯбон самимона табрик мекунам. Бигузор бинои нави таҳририят ҳамеша хонаи дӯстӣ, рафоқат ва эҷод бошад.
Тошқул АЗИМЗОДА,
адиб ва рӯзноманигор
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.