Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ХОТИРААШ ҶОВИДОН

Бахшида ба зодрӯзи Аввалин Президенти мамлакатамон Ислом Каримов дар ҳама муассисаҳои таълимӣ, идораҳои давлатӣ, корхонаву ташкилот ва маҳаллаҳо тадбирҳо баргузор гардид.

Дар мактаби таълими умумии рақами 17 низ тадбири адабиву бадеӣ барпо гашт. Онро дректори мактаб Эътибор Ҷӯрақулова кушода, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Ислом Каримов сухан ронд.

Имом-хатиби масҷиди Хоҷа Абдуи Берун Лутфулло Ибодуллоев, маслиатчии маҳаллаи Гулбоғ Зумрад Носирова ва дигарон оиди корҳои неки арбоби давлат, сиёсатмадори дар миқёси ҷаҳон эътирофшуда, асосгузори истиқлолияти мамлакатамон изхҳори ақида намуданд.

Дар тадбир хонандагони синфҳои 2 «б» ва 8 «а» баромад намуданд. Хонандагон Озода Тешаева, Шаҳбоз Абдурафиқов, Мастура Шарипова, Шаҳобиддин Эргашев ва Раҳима Ҳамроқулова иштирокдори фаъоли тадбир буданд.

Лола Шодиқулова, ҷонишини директор доир ба корҳои маънавию маърифатии мактаби рақами 17

 


Дата добавления: 03/02/2017 15:34;   Просмотров: 1593
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку