Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҶАШНИ САДА ОМАДУ...

Ҷашни Сада дар шумори идҳои маъмули мардумии ориёӣ буда, дар рӯзи даҳуми Баҳманмоҳ, мутобиқ ба 30 январ таҷлил мешуд. Давомнокии он як шабонарӯз буда, хеле бошукӯҳу оммавӣ мегузаштааст. Ниёгони мо то ин ки Садаро таҷлил кунанд ҳашт рӯз пеш аз он ҷашне бо номи Баҳманҷана (рӯзи дуввуми Баҳманмоҳ, мутобиқ ба 22 январ) меоростанд.

Ҷашни Сада сад рӯз пас аз оғози Зимистони 5-моҳа ҷашн гирифта мешуд. Дар аҳди қадим гузаштагони мо ду фасл доштанд: яке тобистон (hama) ва дигаре замистон (zayana). Наврӯз оғози Тобистон ва ибтидои Соли Нав буду Меҳргон ибтидои Зимистон. Одатан гузаштагони мо пас аз сипарӣ гаштани сад рӯз аз Рамрӯзи Меҳрмоҳ, ки бо номи Меҳргони Хоса машҳур буд (15 октябр) дар шумор меоварданд, ки он ба рӯзи даҳуми Баҳманмоҳ рост меомад. аз ҷониби ростӣ ҷашни Сада то ба Наврӯз низ шумори сад бармеомад "аз он рӯ, ки аз даҳуми Баҳманмоҳ то Наврӯзи дилафрӯз 50 шабонарӯз асту ба иллати он ки порсиёни пешин алоҳида ҳисоб мекарданд ва шумори сад пеш меомад, ин ҷашнро Сада ном ниҳоданд".
Дар хусуси Сада сарчашмаҳои зиёде аз қабили "Худойномак", "Шоҳнома"- ҳо, "Торихи Табарӣ", "Осор - ул-боқия"-и Абурайҳон берунӣ, "Наврӯзнома"- и Хайём, асарҳои Ибни Зодуя, Ибни Муҳаммади Мискавейҳ ва монанди инҳо маълумоти фаровону мухталиф оварда шудааст.
Ҷолибтарини онҳо "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ мебошад. Фирдавсӣ доир ба қайди Сада ва торихи он дар "Шоҳнома" бо номи "Бунёд ниҳодани ҷашни Сада" боби алоҳида ҷудо кардааст. ("Шоҳнома", ҷ.1, саҳ.53-55)
Бино ба тасвири Фирдавсӣ асосгузори ин ҷашн Ҳушанг (Ҳушҳанг бинни Сиёмак бинни Меши бинни Каюмарс) мебошад, ки чиҳил сол подшоҳӣ кардааст. Боре Ҳушанг ҳангоми саёҳат бо ҳамгурӯҳонаш дучори море гардида, сангеро сӯи он мор меандозад. Он санг ба санги дигаре бархӯрда аз он оташаке мепарад, ки василаи кашфи оташ мегардад:
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд мор кушта, валекин зи роз
Падид омад оташ аз он санг боз...
Минбаъд одамон бад-ин муносибат оташҳо афрӯхта, онро муқаддас медоштанд ва ин маросимро Сада номиданд:
Бигуфто: Фурӯғест ин эзадӣ,
Парастид бояд, агар бихрадӣ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Паси ӯ чунон кард ҳар шаҳриёр...
Дар баъзе манбаъҳо ҷашни Сада ба дигар шаҳриёрон нисбат дода шудааст. Берунӣ ва Умари Хайём Садаро ба Фаридун нисбат медиҳанд. Манучеҳрӣ дар як қасидааш Садаро тавсиф намуда, онро ба Каюмарсу Исфандиёр нисбат медиҳад:
Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин оини Каюмарс, Исфандиёр бошад.
З-он барфурӯз, к-имшаб андар ҳисор бошад,
Ӯро ҳисор, миро, чархи ифор бошад.
Ҳамин тариқ, тасвири ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Меҳргон дар ашъори классикон фаровон омада. Ташбеҳоту алоқамандии зимистон ба Сада дар ашъори шоирони то нимаи дувуми садаи XI фаровох ба чашм мехӯрад. Сипас тасвири Сада ва ҳатто зимистон оҳиста-оҳиста маҳдуд мегардад. Чуноне, ки дар боло қайд намудем, ҷашни Сада алоқамандии тамом ба оташу барафрӯхтани он дорад. Шояд оташпарастӣ низ аз он рӯзгор манбаъ бигирад. Аз ин рӯ пас аз ҳукмронии Оли Сомон, ки мамлакат парешону ҳукумат ба дасти туркони ғазнавиву қарохонӣ ва салчуқиву хоразмӣ гузашт. Ба ҷои равияҳои пешқадами исломӣ, намояндагони равияву мазоҳиби иртиҷоии ислом ба сари қудрат омаданд, ҷашни Садаро ба оташпарастӣ мансуб дониста таҷлили онро манъ карданд. Ба қавле онро Султон Масъуд таъқиб намуда.
Аз ин рӯ, шоирони ба баъд тасвири Садаро маҳдуд намуданд. Ва агар Сада гӯянд ҳам онро ба хотири пеш омадани Наврӯз мегуфтанд:
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш битароз...
(Фаррухӣ)
Дар қасидаҳои Анварӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ ва Манучеҳрӣ ташбибҳои фаровон оид ба тасвири ҷашни Сада омадааст. Ва ё ҳангоми барафрӯхтани оташ онро ба оташи Сада ташбеҳ додаанд:
Унсурӣ мегӯяд:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи афредуну аз Ҷам ёдгор аст.
Замин имшаб, ту гӯӣ, кӯҳи Тӯр аст,
К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.
Гар ин рӯз аст, шаб хондаш набояд,
В-агар шаб рӯз шуд, хуш рӯзгор аст.
Ҳамоно, к-ин диёр андар биҳишт аст,
Ки бас пурнуру рӯҳонӣ диёр аст...
Фаррухӣ оташафрӯзии шаби Садаро чунин ба қалам додааст:
Гар на оини ҷаҳон аз сар ҳаме дигар шавад,
Чун шаби торе ҳама аз рӯз равшантар шавад...
Гоҳ чун девори барҳун гирд гардад сар ба сар,
Гоҳ чун кохи ақиқин боми заррин дар шавад...
Гоҳ чун ашколи Уқлидус сар андар сар кашад,
Гоҳ чун хуршеди рахшанда зиёгустар шавад...
Манучеҳрӣ дар идомаи қасидае, ки зикри матлаъаш дар болотар омада, оташи садаро чунин тасвир намудааст:
Дар сар варо зи гавҳар бар сар шиор бошад,
В-ар кӯҳро зи анбар дар сар хумор бошад.
Сарвоз ақиқ бошад, кӯҳ аз иқор бошад,
Ин мустаир бошад, он мустаор бошад.
Бо аҳмарор бошад, бо асфарор бошад,
З-инаш либос бошад, з-онаш нисор бошад.
Чун лолазор бошад, чун марғзор бошад,
На лолазор бошад, на марғзор бошад.
Чаммидану қарораш монанди мор бошад,
Рахшидану шуояш, гӯӣ, исор бошад.
Дар ҷои дигар Манучеҳрӣ он оташро ба мори шиканҷӣ (пурпечутоб) ва моз (рах-рах) ташбеҳ медиҳад:
Баромад зи кӯҳи Мазандарон,
Чу мори шиканҷиву моз андар он...
Дар даврони мо таҷлили ҷашни Сада аз назарҳо дур монда. Ва ба хотири шод гардонидани равони ниёгонамон аз Каюмарс то ба Амир Мунтасир ҳамаро аз забони Фаррухӣ ба ҷашни мубораки Сада шодбош мегӯем:
Фаррухаш боду худованд фархунда кунад,
Иди фархундаву Баҳманҷанаву Баҳманмоҳ!

Рӯзибойи ҚУРБОНИЁН


Дата добавления: 11/01/2019 14:48;   Просмотров: 1063
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку