Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

"ҶИЛОИ РАНГИНКАМОН"

Чунин ном дошт тадбире, ки дар муассисаи таълими томактабии рақами 24 баргузор гардид. Дар он тақдимоти китобҳои бо ташаббуси Вазорати таълими халқи ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Бонки ҷаҳон ба табъ расида, шуда гузашт.

Маҷмӯи "Ҷилои рангинкамон" аз ҳафт китоб - "Дар оила мутолиа мекунем", "Саёҳати нахустин ба олами китоб", "Китоби дӯстдоштаам", "Китобҳо - дӯстони ман", "Салом, мактабам!", "Оламро меомӯзам" ва "Афсонаҳои халқҳои ҷаҳон" иборат мебошад. Он барои бачаҳои синнашон 3-6 сола пешбинӣ шудааст.
- Маҳаллаи Янги ҳаёт 50-то дастҷамъи китобҳоро бар асоси грант ба даст овард, - иброз дошт услубшиноси муассисаҳои таълими томактабии шӯъбаи ТТФММТХ ноҳия Лола Бурҳонова. - Он ба бачаҳои ба муассисаҳои таълими томактабӣ ҷалбнашуда, оилаҳои камбизоат ва дурдаст тақдим гардид.
Тарбиягирандагони МТТ-и рақами 24 бо роҳбарии мураббияҳо Дилафрӯз Пӯлодова, Райҳона Садриддинова, Машҳура Раҷабова ва Меҳрангез Нормуродова барномаи консертиро пешкаши ҳозирон гардониданд.
- "Ҷилои рангинкамон" барномаи хубест барои ба мактаб омоданамоии бачаҳо, -гуфт мудираи МТТ рақами 24 Мунира Баҳриева. -Он барои васеънамоии ҷаҳонбиниӣ, ташаккули нутқу шуури бачаҳо хизмат мекунад.

Сарвинисо НАРЗУЛЛОЕВА
Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 13/09/2017 12:12;   Просмотров: 1480
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку