Айёми бачагӣ буд. Дар шафати хонаамон зани амаки калониам Аъзамқулака – Хурсандянгамулло , ки мо аз овони хурдӣ Хурсандамма ё “Биби чамоқ” (аз сабаби дарахти чормағз доштанашон) ном мебурдем, танҳо зиндагӣ мекарданд.
Он кас соҳиби токзори ангурҳои тоифӣ ва кишмиши сафеду сиёҳ буданд. Ду бех дарахти тути марворидак доштанд. Хурду калон моҳҳои май ва июн тутро шиппонда мехӯрданд. Он кас фасли зимистон моёнро бо тутмавиз зиёфат мекарданд. Бачаҳои деҳаро вақти чормағзшиппонӣ даъват карда, баъди ҳашар ба онҳо як қалпоқӣ чамоқ медоданд. “Бибии чамоқ” хӯрдани гӯшти дар яхдонҳо нигоҳдошташударо хуш намекарданд. Аз ин рӯ, гӯшти харид кардаашонро дар зери сабад нигоҳ медоштанд. Дар яке аз рӯзҳои тирамоҳ ман чун одат дар зери дарахти чормағз рафта, дар фикри “Рафту якто-дуто чамоқ афтода бошад, шикаста мехӯрам” ба таги дарахт назар меафкандам. Ҳамин вақт аз хонаи Хурсандамма овози “Вай пишак нашуда мур!, аз афташ аз дуздии ту гӯшт хӯрда наметавонам” баромад. Ман аз ин гуфтаҳо фаҳмидам, ки пишаки зарди қишлоқ омада маззахӯрак шудааст. Боз гӯшти зери сабад бударо ба даҳон газида, роҳи гурезро пеш мегирад. Ман аз лаби ҷуй як кулӯхи на калону на майдаро ба даст гирифта, даричаи “Бибии чамоқ”-ро кушода дарун даромадам ва дидам, ки пишаки зарди калон дар даҳонаш гӯшт роҳи гурезро пеш мегирад. Ман, ки аз хурдӣ дар чамоқбозӣ бо ҳамсолонам таҷриба доштам, кулӯхро бо дасти чап назди чашмонам оварда ба нишон гирифта чунон паррондам, ки он ба майнаи сари ҷонзод зад. Пишак аз таъсири зарбаи ногаҳонӣ овози ғайритабиӣ бароварда, “маршрут”-и худро тағйир дода, сӯйи ман дартоз шуд. Ман лаҳзае чӣ кор караданамро надониста, баъд бо дасти чап домани ҷомаамро ба сар пӯшидам. Пишак ба ман наздик шуда, хост, ки бо нохунҳои панҷаҳояш чашмонамро ханҷол кунад. Ҷонвар баробари қадам боло ҷаҳид. Хушбахтона, нохунҳояш ба ҷомаам бархӯрда, худ ба замин афтод ва роҳи гурезро пеш гирифт. Ман аз рафтори ҷонвар ҳайрон мондам. Агар он вақт лаби ҷомаро боло намекардам, яқин аз чашмонам ҷудо шуданам ҳам мумкин буд.
Ҷамшеди АСРОР
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.