Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЗАНИ БОВАФОИ МАРДИ ДУЗАНА

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

- Ҳамон Ӯсар-мӣ? Кайҳо занҳои тотору арманиаш ба ӯ талоқ додагӣ. Бачаҳояш – нашъаманд. Дигар бойҳо маъшуқа дошта бошанд ҳам занӣ дуюм надоранд.
- Хайр акнун ҳамин хел шуд-дия, ба гузашта салавот!
Салавотро акнун мебинӣ буржуй! – Гуфт Мавлуда бо зарда. Салом як қад парид. О ҳамин калимаи буржуйро Соня гуфта буд.
Баъди ин ҳодиса Мавлуда рӯзи равшанро барои Салом торик кард. Агар ба ҳавлии онҳо ягон кас дарояд, Мавлуда чунин вонамуд мекард, ки чизе рӯй надодааст. Аммо дар асл бо шавҳараш ногап буду умуман ба ӯ эътибор намедод.
Салом акнун дар ошхонаҳои шаҳр таом мехӯрд. Аламашро бо арақ нест карданӣ мешуд. Зани тошкандиаш низ ба ӯ роҳ надод. Ба ӯ дигар ин хел шавҳари арақнӯши шабу рӯз сулфакунанда даркор набуд. Ӯ кайҳо ба доираи сарватмандон даромада буд ва бо навбат бо онҳо ба сафарҳо мерафт.
Ноил бошад бо қиморбозӣ машғул шуду ҳама сарвати ҷамъкардаи падарашро бой дод.
Салом ду-се кило тилловориро ба додараш Анор супорида буд, ки дар ҳавлиаш ба замин гӯр карда монад. Салом ӯро даъват карда тилловориро талабид.
Анор баъди як соат омада гуфт: - Ако, тиллоҳоро дузд бурдааст!
Чӣ тавр дузд тилловориҳои зери замин гӯронидаро ёфтааст то ҳол муаммост. Чашмонаш аппарати рентген-ми? Ягон кас бовар намекунад. Аммо Салом сирри хонаводагӣ ошкор нашавад, гуфта ҷанҷол накард.
Аз ин пас, ки пул кам монда буд, Салом арақҳои сифаташон пасти вайронро менӯшидагӣ шуд. Оқибат ҳар ду гурдааш якбора аз кор монданду вафот кард ба синни нафақа нарасида.
Зани занон Мавлуда бо тарбияи набераҳо машғул мебошад. Ва дар ягон маърака касе гӯяд, ки “шӯтон дар Тошканд зану бача доштен, омаду рафт доретон-мӣ?”. Мавлуда мегӯяд: - Ман аз ин гапҳо хабар надорам. Шавҳарам бе душман набуданд, ягон душманашон бофта баровардагис ин хел гапҳоя.
Ва баъзан чунин мегӯяд: - Ман намефаҳмам ин занҳои ғайбатчиро. Шавҳарҳои худашон дар Россия чӣ номаъқулиҳоро карда гаштен, намедонанд. Аммо шавҳари маро ғайбат кардагешон кардагӣ.

(Давом дорад)


Дата добавления: 07/07/2017 16:36;   Просмотров: 1427
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку