Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ӮЗБЕКИСТОН ВАТАНИ САНЪАТИ МИЛЛИСТ

Синнам ба 85 мерасад. Шукр мегӯям, ки зиёда аз 60 соли умри азизам ба санъат бахшида шуд. Муболиға намешавад агар гӯям, ки аз паси ном ва нони санъат ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон сафари ҳунарӣ намудам. Дар замони сарҳадҳояш шахгаштаи Иттиҳоди Шӯравӣ низ барои мо санъаткорон ғавчӯбҳо кушода буд. Ҳатто дар қитъаи Осиё, Амрикову Африқо мақомхонӣ кардаем.

Аниқтараш, дастаи ҳунарии миллии "Шашмақом"-и ноҳияи Самарқанд, ки ман сарвари он будам, сурудаву оҳангҳои Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов, домло Ҳалим Ибодов, Левича Бобохонов, Мулло Тӯйчӣ Тошмуҳаммадов, Гавраэл Муллоқандов, Қорӣ Сироҷ Юсуфов, Юнус Раҷабӣ, Фазлиддин Шаҳобов ва дигаронро эҳё намуда, дар саҳнаҳои санъати ҷаҳон ҳунарнамоӣ кардаем. "Шашмақом"-ро ки аз дувоздаҳ мақом ба ёдгор мондааст, аз Самарқанд ба ҷаҳониён муаррифӣ кардем. Дастаи ҳунарии миллии "Шашмақом"-и мо борҳо ғолиби Симпозиуми байналхалқии санъати мусиқӣ гардида, соҳиби Ифтихорнома, мукофот ва ҷоизаи давлатии собиқ Шӯрои олии ИҶШС шуд. Дар ҳама ҷо моро бо эҳтироми баланд истиқбол менамуданд. Агарчӣ, ягон узви даста ба гирифтани унвони Артисти шоиста ё халқӣ шарафёб нагардид, шукр, халқи санъатписанди мо то имрӯз оҳангҳои мақомро мепарастад. Дар маъракаҳо ҳоло ҳам аз мани пиронасар суруд мешунаванд. Дар ҳавои оҳангҳо алвонҷ мераванду сурудҳоро баробарамон замзама мекунанд. Аксарият афсӯс мехӯранд, ки чунин истеъдод дар вақташ қадр наёфтааст.
Ин саволро борҳо ба худи ман ҳам додаанд. Ман низ ҷавоб гуфтаам. Охир, он замон қадрёбии санъати миллии мо ба ихтиёрамон набуд. Оҳангҳои рӯҳафзо ва сурудҳои ҷонбахши моро танҳо барои рӯзҳои мотам кор мефармуданд. Акнун замони Истиқлол расид. Сад шукру шукрона!
То имрӯз аз майдони Регистон ба тамоми ҷаҳон "Таронаҳои Шарқ" садо медиҳад. Акнун бо Қарори Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев дар Шаҳрисабз Анҷуман - озмуни байналхалқии мақомхонон мегузарад. Магар ҳамаи ин имкониятҳои Истиқлол ба санъаткорон нест. Кош ҷавон бошаму дар қатори шогирдон истода, ба осори нодири "Шашмақом" хидмат намоям.
Бемуболиға, Ӯзбекистони мо ватани санъат аст. Санъат дар ҷое қадр меёбад, ки сулҳу амонӣ ва фаровонӣ ҳукмфармо бошад!

Ҷӯрақул СОЛЕЕВ,
мақомхони собиқадор


Последнее редактирование: 24/08/2018 15:06;   Просмотров: 1161
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку