Дарвозаи манзили муҚаддас
- Ин дарвозаи оҳанине, ки мебинед, замоне тахтагӣ буд, дарича дошт. Аз он бузургони Оҳалик даро-баро кардаанд. Аз ин рӯ, агарчӣ хеле кӯҳна шудааст, он дарвозаро бо маслиҳати волидонам додарам Алиҷон вайрон накарда, ба як сӯ гузоштааст. Дуруст, ки замона куҳан гардад, ҷояшро қонуну қоидаҳои замони нав мегирад, лекин куҳандаврон ҳам қадр дошт, қимат дошт, нон дошт, намак дошт, аз он истифода бурда, сер шудем, устухонҳоямон шах шуд. Остонаи дарвозаи манзили бобоӣ низ барои мо муқаддас аст. Касоне, ки андаруни ин ҳавлӣ зиндагӣ доранд, низ муқаддасанд. Ба қадрашон имрӯз нарасем, фардо дер мешавад:
Ало, шодоб соҳилҳо,
Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз,
Ки рӯзе хушк хоҳад шуд.
Ало, зебои маҳфилҳо,
Ба қадри ҳар чароғи давра мебояд расид имрӯз,
Ки рӯзе аз шамоли ҳодиса хомӯш хоҳад шуд...
Падар ва модари азизи ман ин ҷо, ҳамроҳи писару келин ва набераҳо зиндагӣ доранд. Ҳо, он кӯҳҳои сарбафалакро мебинед, - аз дарвозахона ба пешгаҳи ҳавлӣ хитоб дорад ҳамсафари ман. – Барои ман волидонам – муаллимони шоиста, устоди садҳо олиму адиб, ҳофизу мутриб, кайҳоннаварду маъданшинос, шифокору ронанда, қаҳрамонҳои беунвони ман - Ҳусейнбобо Ғиёсов ва Саломатбибӣ Расулова зиндагӣ доранд, - маро ба ҳавлии сарсабзу пурниҳол, ки доманаш ба кӯҳистони Оҳалик мерасад, раҳбонӣ карда гуфт устоди санъат, сарояндаи беҳамтову булбуловози водии зархези Зарафшон Салимҷон Ғиёсов.
МаҚоми суханварӣ ва Ҳофизии пиру кампир
Пиру кампир дар хонаи фарохе, ки тирезае аз ҷониби кӯчаи калон манзилро равшанӣ меандозад, сӯҳбати гарм доранд. Агарчӣ яке умре аз фанни ҷуғрофияву таърих, ҷамъиятшиносиву ҳуқуқшиносӣ дарс доду дигаре муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби деҳи худ 18-и ба номи Шодмон Қаюмзодаи Оҳалик буд, ба шеъру адаб он қадар дилбастагӣ дошт, ки он меҳр онҳоро сеҳр намуда, ба синни 90-у 85-солагӣ мерасонад:
- Бо қаҳ-қаҳи мастонаю бо шеъру тарона,
Бо рӯҳияи ғолибу ошӯбгарона.
Бо тантанаи ақл карон то ба карона. – мегӯяд пир.
- Чун рӯд ба сад ғулғула бигзашт ҷавонӣ,
Чун раъд ба сад валвала бигзашт ҷавонӣ, - меафзояд кампир.
Пайдост, ки ин зиндадилони бузургсол садҳо байт аз шоирони мумтозу муосир медонанд. Агар ҳамин дилбастагӣ намебуд, аз пойгоҳи ин сулола Ҳазрати ҳамроқул барин шоиру сароянда ва Салимҷон Ғиёсов барин ҳофиз ба камол намерасид шояд.
Падар: сахтгиру
меҲрубон
Бобои Ҳусейн пирамарди чолоку нурониест. Ростқавлӣ, некбинӣ ва покизатинатӣ синни ӯро ба домони 100-солагӣ (Худо хоҳад!) – 90 солагӣ мерасонад.
Сахтгириву меҳрубонӣ умри ӯро зеб додааст.
Мактаби рақами 18-и зодгоҳашро то синфи 7 хондааст. Сипас, талабаи омӯзишгоҳи муаллимтайёркунӣ буд. Сабақи устодони омӯзишгоҳ - Юсуфӣ, Орифӣ, Наберахоҷа Валихоҷаев, Эгамбердиев, Солеевҳоро хуб ба ёд дорад.
Бо дониши омӯзишгоҳ муаллими синфҳои ибтидоии мактаби рақами 18 таъин гашт. Чун Донишкадаи омӯзгории Самарқанд ба номи Айниро (Тоҷикинститут мегуфтанд) хатм кард, ба муаллимии мактаби марказии шаҳри Фархори вилояти Кӯлоби Тоҷикистон пазируфтанд. Маҳз ин ҷо шӯъбаи ғоибонаи факултаи таърихи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистонро хатм кард. Меҳри ватан, ҳолати бонуи хонадон бо ду кӯдак маҷбур сохт, ки Ҳусейн Ғиёсов ба Самарқанди дилаш баргардад. Ин ҷо аз соли 1959 то соли 1995 ба фарзандони мардуми Оҳалик дарс гуфт. Шогирдони ӯ Сафарбой Эгамбердиев, Саидқул Икромов, Иброҳим Ҷабборов, Нормуҳаммад Қаюмов, Мизроб Ҷабборов, Маъмур Турсунов, Фаррух Акрамов ва дигарон ифтихори диёр гардидаанд.
Хоҳару додарони муаллим Тоҳирҷон, Фотимаву Хадича, Кубаррову Мубарро ҳама аз аҳли фазл буданду аз худ фарзанду наберагони солеҳ гузоштаанд. Танҳо бародараш Салимҷон ғӯрамарг шуд ва ба ифтихори он бародари «балалайканавозу сарояндааш» ба писари аввалинаш номи Салимҷонро гузошт ва ӯ низ чун ҳофизи мумтоз ном баровард.
Модар – нахустин устод
- Агар пойи ман ба нохост намешикаст, ин пойҳо хеле дароз буданд. Ба тӯю азои мардум шодишарику ғамшарик будам, - ҳасрат дорад модари мушфиқ, устоди устодон Саломат Расулова, - охир падару модарам Мулло Расул Назаров, модари кайвониам Нусха Назарова, падаршӯям Бобои Ғиёсиддин кишоварз, моларшӯям Назокат Холиқова, хоҳару додарони машҳуру маҳбубам ҷаъфар. Назокат, Ҳазоқат, Ифтихор, Дониёр, Мулло Фахриддин. Фазлиддин, Назофат ҳама аз аҳли дарди мардуманд. – иброз медорад мода рва ифтихор дорад. – Мана, Шаҳлоҷона намегӯед, аз тариқи телевизион бошад ҳам, «Шоми Самарқанд»-ро равшан карда гаштааст. Ҷиянам барака ёбад!
Саломат Расулова дар мактаби рақами 18-и Оҳалик аз Шодмон Қаюмзодаи бузург, Муҳаммад Ёдгоров, Нурмуҳаммад Ҳанифов барин устодон савод ва касби маҳорат омӯхтааст. Нахуст омӯзишгоҳи омӯзгории Самарқандро хатм намуд. Донишҷӯйи факултаи географияи ДДС шуд, аммо онро то курси охирин ба итмом расонида натавонист. Бори зиндагӣ имкон надод, ки ин духтари деҳотӣ таълими олиро давом диҳад. Қариб панҷоҳ сол дар як мактаб тифлакони мардумро дар синфҳои ибтидоӣ саводомӯз кард. Ҳоло Мизроб Ҷабборов, Содиқҷон Муҳаммадиев, Баён Ҳотамов, Нигина пирматова. Майрамой Раҳматова ва дигарон ифтихори устоди худанд.
НасиҲат гӮш кун, ҷоно...
Падару модар сӯйи фарзанди худ Салимҷон Ғиёсови хушовоз, ки акнун шоҳписари халқ шудааст, назар мекунанду ҷавонии ӯ, аввалин сурудҳояш пеши назарашон меояд:
Ту мехондию мешуд об ҳар як санги кӯҳистон,
Фарохо мешуду паҳн ҷаҳони танги кӯҳистон.
Ту мехондию метобид андар дидаи мардум,
Ба чандин ҷилвае дунёи рангини кӯҳистон
Фарзандони дигари ин падару модари муаззам Каромату Саодати духтур, Алиҷони ронандаву тадбиркор ва 25 нафар набераву абера ҳама чун Салимҷони шӯҳратёр нангу номус ва обрӯву эътибори хонадонро боло медоранд.
- Ин умри равона бинед, - ҳикоят дорад муаллим Ғиёсов. – динекак бача будем, ҷавон шудем, калонсол, акнун пирӣ насибамон шуд. Аз аҳли адаб ҳама дӯстони ман буданд. Бо Шодон Ҳаниф - ҳамсабақи ман ба ин даргоҳ Ҷалол Икромӣ. Лоиқ, Қутбӣ Киром, Камол Насруллоҳ борҳо омадаанд.
Акнун дар ҷониби Кулбаи поён дӯстам, маърифатпарвари бузург Насрулло Убайдӣ монда, ҷониби Оҳалик мани 90-сола. Мо ба насиҳаи пиру устодон амал кардему ба ин сол расидем. Синни шумо низ аз соли мо гузарад. Хоҷа Ҳофиз гуфта:
Насиҳат гӯш кун ҷоно, ки аз ҷон хуштар дорад,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро!
Мо низ мегӯем, Шумоёни зиндадил офтоб ҳастед, нури маърифат. Хирад ва дуо ҷовидона Шуморо тарк насозад.
Хуршедсифат басо ҷаҳонгир шавед,
Садсола шаведу баъд аз он пир шавед.
Озод ҲАМИДЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.