Дар Ӯзбекистон баҳри тақдир намудани меҳнати ҳунармандон, барои фаъолияти самарабахши онҳо асосҳои зарурии ҳуқуқӣ, имконият ва имтиёзҳо фароҳам оварда мешаванд. Дар шаҳру ноҳияҳо шӯъбаи Иттиҳодияи "Ҳунарманд" фаъолият дорад, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро ҳифз мекунаду дар сафи худ ҳазорҳо устоёнро муттаҳид намудааст. Дар бораи имтиёзу имкониятҳои ҳунармандон мо бо раиси шӯъбаи ноҳиявии Иттиҳодияи "Ҳунарманд" Одил ИСМОИЛОВ ҳамсӯҳбат шудем:
- Дар адабиёти зиёда аз ҳазорсолаи мо ду Рашидии Самарқандӣ, аввалӣ ҳамзамони устод Рӯдакӣ, дуввумӣ Ҳусейн Рашидӣ маълуманд, - гуфт дар маҳфили ёдбуд муҳаррири рӯзномаи "Гулобод тонги", шоир Нормурод Каримзода, ки рӯзи якшанбеи гузашта дар хонадони шоири наврасону калонсолон воқеъ дар маҳаллаи Чоршанбе устод Ҳусейн Рашидӣ ба вуқӯъ пайваст.
Зоҳир Ҳасанзода... Ин ном на танҳо барои рӯзномахонони ноҳия, балки тамоми Ӯзбекистон ва хориҷи он азизу арҷманд аст. Воқеан, фаъолияти рӯзноманигорӣ, публисистию нависандагии ӯ ним асри охирро фаро мегирад, ки шоёни таҳсину арзёбист. Зиёда аз даҳ китобҳои ба табъ расидаи адиби нобукбаён бо ҳикоя, очерк, фелетон, повест, новелла, эссе ва қиссаҳои муассир мураттаб ёфта, мухлисони зиёд пайдо кардааст.
ба чӣ вобаста?
Магар ин панди бобоӣ аз ёдҳо рафт?
Дар деҳаи дурдасте мардум аз набудани об азият мекашад. Заминҳо шӯр баставу гиёҳе намесабзад. Аз ташнагӣ лабҳои бачаҳо парсинбаставу дасту пойҳояшон кафидааст. Дар деҳа танҳо як чоҳи чуқур ҳаст, ки ҳар оила бо навбат барои ҳамдеҳагон аз чоҳ об кашида медиҳанд. Обгирӣ хеле мушкил аст. Барои аз чоҳ баровардани об ҳар як аъзои оилаи навбатдор вазифаи барои худ таъиншударо иҷро мекунад. Яке савори хар ё шутур канаби обгириро ба масофаи як километр роҳ мекашад. Дигаре сатилро ба чоҳ меандозад, саввумӣ дастаи ресмонкаширо чарх мезанонад. Чаҳорумӣ сатили пуробро аз чоҳ мекашад, боз яке обро ба зарфҳои мардум тақсим мекунад. Ҳар як чакраи об барояшон азиз аст...
ё худ бонувон низ бекор намегарданд
Садои занги телефон Саломатойтиро аз хоби ноз бедор кард. "Оббо, кӣ аз саҳар занг мезанад?" гӯён бо дили нохоҳам гӯшакро бардошт.
- Ассаллому алейкум, бийиҷон! - шунида шуд овози духтараш. Пас аз аҳволпурсӣ иброз дошт, - Илтимос, ду соат ба набераҳоятон нигоҳ карда истед. Ман...
Имрӯзҳо дар саросари мамлакатамон вохӯрии намояндагони халқ ба шӯрои ноҳиявию вилоятӣ ва Маҷлиси Олӣ бо аҳолӣ давом дорад. Чунин вохӯрии судманд бо иштироки депутати Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи интихоботии Самарқанд-68 Абдулло Аслонов бо ҷавонони маҳаллаҳои Гулбоғу Сулфакабудак, ки хонандагони мактаби рақами 17 ҳастанд, доир гардид. Онро директори мактаби мазкур Эътибор Ҷӯрақулова сарварӣ кард. Нахуст А.Аслонов ба ҷавонон аз моҳияти маърифати устодиву шогирдӣ, забономӯзӣ, китобхонӣ ва ҳунармандӣ бо мисолҳои рӯзгори худ сухан ронд.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ӯзбекистон соли 1993 пайкараи сардафтари адабиёти классикии ӯзбек, мутафаккир ва арбоби давлатӣ Алишер Навоӣ ва устоди ӯ, шоир ва мутафаккир Абдураҳмони Ҷомӣ дар маркази ноҳия гузошта шуд. Он солҳо камина услубшиноси фанни забон ва адабиёти тоҷики Шӯъбаи таълими халқи ноҳия будам.
Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев дар давоми фаъолияти худ барои манфиати халқи Ӯзбекистон бисёр ғамхориҳо мекунанд, ки хурду калон миннатдоранд.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.