Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси

Ҷамъият

МУДДАО-СИФАТИ АЪЛО

20-05-2020 16:22

Пилла яке аз даромадҳои асосии кишварамон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, онро "нахи тиллоӣ" ҳам ном мебаранд. Маъракаи кирмакпарварӣ аз оғози фаъолияти кори кишоварзон буда, истеҳсоли пилла маҳсули аввали меҳнати деҳқон ба ҳисоб меравад.

 

ДАВОМИ УМРИ УСТОД

08-05-2020 15:19

ё худ як соати хотирмон

Рӯзи 16-уми январи соли ҷорӣ муҳаррири рӯзнома, шоир Нормурод Каримзода ба утоқи кориам даромада иброз дошт, ки дар атрофи як пиёла чой устод Эркин Азаматовро ёдоварӣ мекунем. Духтарашон Мӯътабар, домоду писарашон низ ба мо ҳамроҳӣ менамоянд.

 

ҲАМНАФАСИ ҶАВОҲИРЛАЪЛ НЕРУ

08-05-2020 15:04

Мазори файзосори Хоҷа Кафшер ҷасади бузургони зиёдеро дар оғӯши хоки поки худ гирифтааст. Каси зиёраткунанда аз сангу катибаҳои рӯи қабр ва сурати марҳумон дарк месозад, ки аксари майитон дар вақти зиндагӣ корномаҳои зиёдеро ба нафъи халқу ватан анҷом додаанд. Дар ин маврид Лоиқи зиндаёд низ хуб фармуда:

Баъди хуфтани ман дар мазор мефаҳмед,
Ки хоксори шумоям, ҳам ифтихори шумо.

 

КӮЧАИ ОБЛОҚУЛ МАНСУРОВ

08-05-2020 14:49

Кӯчаи асосии деҳаи Гулбоғ номи фарзанди асили ин диёр ходими намоёни ҷамоатӣ, иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Облоқул Мансуровро дорад. Ҳоло авлоди нав ба навиштаҷоти сари дарвозаи мардум "кӯча ба номи О.Мансуров" бо ҳайрат менигаранд, ки худи ӯ кӣ бошад? Бояд насли имрӯзро аз корномаи аҷдоди худ огоҳ созем.

 

ДЕПУТАТ САЙРИ БОҒУ ТОКЗОР МЕКУНАД

27-04-2020 13:33

Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи заминдорӣ, истифода аз имкониятҳои ҳукумат нисбат ба боғдориву токпарварӣ ва кишти зироат депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Самарқанд Гулҷаҳон Қулиева сайри деҳаҳои Миронқулу Меҳробод намуд. Зеро ин мавзеъҳо ҳавзаи интихоботии ӯ буда, рӯзгори осуда ва дастархони фаровони мардуми кӯҳистон низ ба ҳушёриву корбарии депутат низ вобастагӣ дорад.
Г.Қулиева ба соҳибони манзилҳое, ки аз ҳавои мусоид хуб истифода бурда, ҳавлиҳои худро ба гулистону сабзазор табдил додаанд, ташаккур изҳор карда, ба як гурӯҳ бепарвоён таъкид намуд, ки бояд як пораи заминро ҳам бекор нагузоранд. Ба аҳолӣ аз ҷониби депутат маслиҳатҳои муфид ва ёрии амалӣ расонида шуд.

Дилрабо НАСИМӢ

 

ЯРМАРКА ДАР ГУЛБОҒ

21-04-2020 12:55

Бо ташаббуси ҳокимияти ноҳияи Самарқанд, роҳбари сектори якум. ҳокими ноҳия Н.Мавлонов дар маҳаллаи Гулбоғ ярмаркаи савдои маҳсулоти хӯрокворӣ баргузор гардид. Дар он ҳаждаҳ навъи озуқа бо нархи мусоид ба фурӯш гузошта шуд.

- Ба ташкилкунандагон ва ташаббускорони ин ярмарка миннатдории худро изҳор мекунам, - гуфт Маҳкамбибӣ Қаҳҳороваи 84-сола. – Зеро пеш аз саршавии Моҳи шарифи Рамазон хоҳ-нохоҳ маҳсулоти хӯрокворӣ лозим буд. Онро бо нархи арзон дарёфтан бошад кори савоб шуд. Гӯшти 45 ҳазорсӯмӣ, тухми 25 ҳазорӣ ва ғайра моро хурсанд кард.

Дилрабо НАСИМӢ

 

КАМБАҒАЛ НАМЕШАВЕМ, АГАР...

25-03-2020 16:13

Ғофил манишин на вақти бозист,
Вақти ҳунар асту сарфарозист.
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.

 

САХОВАТИ САХОВАТИЁН

25-03-2020 16:12

Халқи мо аз азал савобҷӯву саховатпеша аст. Яке аз чунин инсонҳо тадбиркори маҳаллаи Саховат дӯзандаи бомаҳорат Фирӯза Суярова мебошад. Вай бо шогирдони худ ниқоб дӯхта, бепул ба аҳолӣ паҳн менамояд.
- Ин рӯзҳо ҳам мегузаранд, - гуфт Ф.Суярова. - Имтиҳонест, ки сабри моро месанҷад. Бояд ба қоидаҳо риоя намуда, якҷоя бар зидди коронавирус мубориза барем.

 

МАРОСИМИ ДАФН

25-03-2020 16:11

маъракаи зиёфатхӯрӣ нест!

 

НОМАИ ОГОҲӢ

25-03-2020 16:10

(Ба ҳамватаноне, ки муқобили
сирояти тоҷвирус COVUD-19 фаъолона мубориза мебаранд)

 
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку