Чанде пеш раиси кумитаи занону духтарони шаҳру ноҳияҳо аз нав таъин гардиданд. Зулфия Рафиева ҷонишини ҳокими вилоят, раиси кумитаи занону духтарони ноҳияи Самарқанд таъин шуд. Бо мақсади шинос шудан бо нақшаву мақсадҳои роҳбари нав бо Зулфия Рафиева ҳамсӯҳбат шудем, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем:
Амина тамоми рӯз аз назди телевизор дур нашуд. Баъди анҷоми филми шавқовар мехост, ки ягон китоб хонад ё ба иҷрои корҳои хона ба модараш ёрӣ расонад. Аммо боз барномаву филми тасвирӣ оғоз меёфт. Модараш дастархон густурда, барояш хӯрок овард ва таъкид намуд, ки наздиктар нишаста, хӯрок хӯрад. Амина косаи хӯрокашро наздиктар кашид ва бо қошуқ ду-се маротиба хӯрокро давр занонд.
Аброр Мамадқулов 2-юми январи соли 1957 дар гузари Мисгарони маҳаллаи Қӯшмасҷид дар оилаи марди фозил Маҳмадқул Ҳамроқулов ва муаллима Саида олимова ба дунё омадааст. Мактаби рақами 37-и зодгоҳашро соли 1975 хатм карда, донишҷӯи Омӯзишгоҳи тарбияи ҷисмонии ба номи Макаренкои шаҳри Самарқанд гардидааст. Фаъолияти меҳнатиро аз соли 1977 аз муаллимии тарбияи ҷисмонии мактаби зодгоҳаш сар кардааст. Пас аз адои хизмати ҳарбӣ муаллимиро дар мактаби рақами 47-и собиқ ноҳияи Сиёб давом дода, он ҷо то соли 1984 омӯзгорӣ кардааст. Ва ҷамоати омӯзгорон ва кумитаи тарбиятгарони мактаби 37 Аброр Мамадқуловро боз ба муаллимии мактаби 37 даъват намуданд. Ва ин ҷо то соли 2005 муаллими тарбияи ҷисмонӣ буд. Дар ин байн бо корҳои ватанхоҳии сардори шӯъбаи мизи ҳарбии собиқ Ҷамоати шаҳрвандони деҳоти Даштакиболо, аз соли 1993 то соли 2003 раиси маҳаллаи Қӯшмасҷид буд. Дар ҳама ҳолат муаллимиро тарк накард. Ва ҳамеша бо мардуми Қӯшмасҷид буд. Аз ин рӯ, дар интихоботи сарварони маҳаллаҳо, ки соли 2016 баргузор шуд, Аброр Мамадқуловро раиси маҳаллаи Қӯшмасҷид интихоб намуданд.
Аброр Мамадқулов сарвари оилаи маърифатпарвар ва намунавист. Бо ҳамсараш Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, роҳбари оқилаву доно Мунаввара Мамадқулова (Мирзоева) фарзандон – Фарангис, Фирдавс ва Меҳрангезро мувофиқи замон тарбия намуда, маълумоти олӣ додаанд. Ҳашт нафар набера давомдиҳандагони амали неки бобову бибӣ ҳастанд.
Аз Мӯлиён асозанон пире меомад дар анҷуману маҳфилҳо. Чун Рӯдакӣ ришу бурути кӯтаҳу зебое дошт ӯ. Чун «Одамушшуаро» оташвор ҳарф мезад. Аз нобасомонии маданияти миллии атрофиён, худношиносиву хештанбехабарии як идда ҷавонон бо сӯзу гудоз сухан мекард.
Савори сабукрави ҷавонманди бофазлу сӯҳбаторо, омӯзгору тадбиркори зукко Назирҷон Қамаров сӯи шаҳр равонаем. Аз курсии оқиби мошин бонуи солеҳаи Назирҷонака муаллимаи соҳибтаҷриба Дилбар Турсунова (аз рӯи ҳуҷҷат Манзура) ҷой гирифта, сӯҳбати гарму лутфомезе аз маърифат ва маънавияти мардуми Самарқанд ҷараён мегирифт. Сӯҳбатро сурудаҳои орифонаи устоди бузурги санъат Ҷӯрабек Муродов, ки аз баландгӯяк пахш мешуд, қувват мебахшид.
Аввалин қадамҳои Шавкат Мирзиёев дар сиёсатҳои байналхалқиву ҳамсоядорӣ хайрхоҳона буданд. Ин мавқеи ӯро тамоми мардуми Осиёи Марказӣ бо хушнудӣ пазируфтанд. Аз шабакаҳои иҷтимоии Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад, ки дар Ӯзбекистон муносибати мусбатро бо Тоҷикистон бо хушнудӣ истиқбол кардаанд.
мувофиқи маълумоти Абурайҳони Берунӣ
Агар занҳо вазифаашонро фақат аз хӯрокпазӣ, хонарӯбӣ, фарзандонашонро ба гаҳвора баста, маккондан иборат донанд, хато мекунанд.
ИҚДОМАТ МУБОРАК
Биё, эй дӯст, иқдомат муборак,
Зи ганҷи меҳр инъомат муборак.
Ҷаҳон бе дӯстӣ бадтар зи дӯзах,
Биҳшти сабзи айёмат муборак.
Бигӯ ҳарф аз дифои сулҳу ваҳдат,
Ки ҳар навгонӣ-пайғомат муборак.
Қадам бигзор дар шаҳроҳи дидор,
Сафои чашми бодомат муборак.
Каломи обдорат айши ҷон аст,
Хурӯши рӯди илҳомат муборак.
Хуш ояд нӯши май аз ҷоми Хайём,
Илоҳо бод ҳар гомат муборак.
Мурод аз ин ғазал изҳори дил буд,
Диёри тинҷу оромат муборак!
Нормурод Каримзода
Имрӯзҳо дар саросари мамлакатамон барои беҳбудии рӯзгори мардум, осоиштагии оилаҳо аз ҷониби Президент ва ҳукумати кишвар табаддулоти хайрандешӣ иҷро мегардад.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.