Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакати мо ҳусни таваҷҷӯҳ ва муҳаббати халқ ба ашъори пуробуранги шоири шаҳир Мирзо Турсунзода низ кам нест. Муаллифи асарҳои баландғояи “Сайёҳи Ҳинд”, “Тара-Чандрӣ”, “Писари Ватан” хоҳони тинҷиву хотирҷамъии мову шумост. Фарзанди асили “Мамлакати тиллоӣ” бо сеҳру ҷозибаи хомаи хеш ҳамчун “Оҳанрабо” маҳбуби дилҳост.
ИФТИХОР
Ба шарафи иди касбии ходимони корҳои дохилӣ, ҳамноҳияи мо, сардори шӯъбаи кофтукоби тезкори ҷиноятҳои Идораи корҳои дохилии шаҳри Самарқанд Эркин Ғаниев бо ифтихорнома ва тӯҳфаи хотиравии сардори садорати корҳои дохилии вилоят сарфароз гардид. Бешак, ҳар як дастовард ва муваффақияти ҳамдиёрамон ба кас ҳисси ифтихормандӣ бедор месозад.
ҚОТИЛОНИ КӮДАК ВА ҶАСОРАТИ ЭРКИН
Кашфи асрори маънӣ кори саҳл нест, алалхусус луғоти осори ниёгон, ки тӯли қарнҳо бори маънӣ кашида меоянд. Дар ин ҷода мақому манзалати луғоту фарҳангҳо дар мутолиаи осори баргузидаи ниёгон сарчашмаи боэътимодест. Аз ин лиҳоз кашфи асрори маънӣ кори саҳл нест. Алалхусус, луғоти осори ниёгон, ки тӯли қарнҳо бори маънӣ кашида меояд, дар ин ҷода мақому манзалати луғоту фарҳангро дар мутолиаи осори баргузидаи ниёгон сарчашмаи боэътимодест.
Хурдсол будаму падарам маро ҳамроҳи худ ба бозор мебурд. Ман ҳамчун ёрдамчӣ будам, ҳар ду бозорро давр гашта харид мекардем. Рӯзе вақти бозорро давр гаштанамон овози баланди ҷанҷоли одамонро шунидем. Падарам, ки одами қадбаланд буд, аз дур диду ба ман гуфт: Гард, ба он ҷо равем, чӣ гап шудааст.
- Ҳаёт аз пастиву баландӣ, талхиву ширинӣ иборат аст. – cуханашро оғоз намуд зани ба идораи рӯзномаомада. - Инсон хато мекунад ва дар давоми ҳаёташ ба ислоҳи он мекӯшад. Ман низ дар зиндагӣ қариб ба хатогӣ роҳ дода будам. Ҳар боре, ки ин воқеа ба хотирам ояд, дилам фишурда мешавад. Як хатои ман боиси бадбахтии чанд нафар мегардид...
Нашрияи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд – “Овози Самарқанд”, ки аз 1-уми январи соли 1990 чоп мешавад, ба минбари розу ниёзи мардум табдил ёфтааст.
Ҳанӯз дар хурдсолӣ падару модари Бахтинисо онҳоро гаҳворабахш карда буданд. Пас аз хатми мактаби миёна маросимҳои ошхӯракон, ноншиканон, парчабуррон, қавлдорам ва фотеҳатӯй барпо гашт.
Дар як мақолаам, ки “Чунгул – чорбоғи Амир Темур” ном дошт, суханро аз он сар карда будам, ки Чунгул номи дашти Оҳалик аст. Ба ин сабаб чорбоғи темурии назди деҳаи Оҳаликро донишманди таърихи Самарқанд В.Вяткин чорбоғи Чунгул номидааст.
Дар бинои Суди шаҳри Самарқанд оиди корҳои ҷиноӣ мурофиаи кушоди судӣ баргузор гардид. Дар он парвандаи ҷиноии маҳкумшудагон Қосимова Розия Азимовна, Касимова Замира Ҳошимовна, Арабова Камила Ҳусеновна, Раҷабова Орзугул Яқубовна, Қуйлиева Дилшода Мурадиллаевна, Уралова Садоқат Зубайдиллаевна, Отабаева Нафиса Исломовна, Холиқова Фотима Мардиевна, Холиқова Гулрух Мардиевна, Рахмонова Рохиля дида шуд.
Имрӯзҳо дар пахтазорони ноҳияҳои вилоятамон ҷамъоварии “тиллои сафед” бо авҷ давом дорад. Дар ҳудуди Гӯзалкенти ноҳияи Пастдарғам барои беталаф боло намудани хирмани пахта, ки яке аз унсурҳои асосии боигарии миллии ватанамон ба ҳисоб меравад, шахсони зиёде аз маҳаллаҳои ноҳияамон ба ҳашари пахтачинӣ иштирок менамоянд.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.